Аз хар афтоду даргузашт: чаро модарони тоҷик ҳангоми таваллуд мемиранд?

CC0 / Pixabay/fancycrave / Младенец на руках у матери
Младенец на руках у матери - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як зан дар замони ҳомиладорӣ тариқи харароба ба замине мерафт, ки дар он кишту кор мекарду аз ҳисоби он рӯзгорашро меҷунбонид. Ҳамагӣ чанд рӯз то таваллуд кардан монда буду ҳамоно ӯ дар саҳро кор мекард. Бадбахтона, рӯзе бо хар ба садама дучор шуд ва табибон натавонистанд ӯ ва тифлашро наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Бино бар омори расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар соли 2018 ҳолатҳои маргумири модарон дар пайи зоиш  24 нафар ба 100 000 ҳолати таваллудкунӣ сабт шуда, шумораи марги кӯдакон ба маротиб бештар - 21 нафар дар 1000 кӯдаки то панҷсола мебошад.

Ҳарчанд намояндагони вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки барои пешгирии ин ҳолатҳо чораҷӯӣ мекунанд, ба гуфтаи коршиносон омилҳои зиёди дигаре ҳаст, ки боиси фавти модарон ҳангоми тавалуд ё пеш аз таваллуд мешавад. Яке аз онҳо шароити иқтисодӣ мебошад.

Бештари фавтидаҳо бемор буданд

Ба гуфтаи намояндагони вазорати тандурустӣ дар бештари ҳолат иллати фавти модарон хуруҷи бемориҳои онҳо мебошад.

"Иллати марги баъзе аз ин занон, хуруҷи як қатор бемориҳои ғайригинеталӣ: бемориҳои гурда, бемориҳои дил, бемориҳои дилу рагҳо, ҷоғар, диабеди қанд ва бемории сил  мебошад.  Дар ҷойи дуюм ин хунравии акушерӣ аст. Барои пешгирии фавти модару кӯдак мо назорат бурда, кор карда истодаем", - тавзеҳ медиҳад Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд.

Дети едят мороженое, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зиёда аз 1000 кӯдак дар Тоҷикистон гирифтори бемории саратон будаанд

Дар чаҳор соли пеш Раёсати тандурустии вилояти Суғд, барои аввалин бор руйхати ягонаи электронии занони ҳомила дар қаламрави вилоятро ташкил намуд. Он замон масъулини ин ниҳод мегуфтанд, ки  ташкили руйхати ягонаи электронӣ имкон хоҳад дод, то вазъи сиҳатии занони ҳомила таҳти муроқибати доимии духтурон дар шаҳру ноҳияҳо қарор гирифта ва дар вақти лозим ҳар кадоми онҳо бо даво ва маводи тиббӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Чунин баруйхатгирии занони ҳомила то имрӯз амал мекунад.

Мардҳо ба муҳоҷират мераванд, бори зиндагӣ сари занон меафтад

Баъзеҳо таҳлилгарон ба рақамҳо ишорат карда таъкид меварзанд, ки  шароити нокофии иқтисодӣ ва камбуди ғизои солим, мушкили аслиест, ки ба вазъи солимии занони ҳомила дар хонаводаҳо бетаъсир намемонад.

Дар шароити муҳоҷирати мардҳо ҳама кору бори зиндагӣ умдатан бар души занҳо дар рустоҳои Тоҷикистон вогузор боқӣ мемонанд ва занони ҳомила ҳам, ки иҷрои корҳои сангини хонаву бозор ва саҳроро ба давраи истироҳати ҳомиладорӣ иваз мекунанд, ин ҳол ба коҳиши саломатии онҳо ва ҳам тифле, ки онҳо дар батн мепарваранд бетаъсир намемонад, иброз медорад, Шоира Юсупова аз фаъолзанони сокини шаҳри Хуҷанд.

"Ҳамон занҳое, ки бо ҳолатҳои вазнин ба таваллудхонаи вилоятӣ ворид мешаванд, аз саҳро аз сари замине, ки онҳо кор мекунанд, оварда мешаванд. Сабаби асосии фавти модарон ва ё навзодон, бештар аз носолимии модарон аст. Вақте, ки модар носолим, камқувват, ҳолаташ вазнин аст,  албатта ин ба тифли дар батн будаи вай бетаъсир намемонад", - меафзояд вай.

Гурезаҳои Сурия ва Ироқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дур аз таҳсилу кӯмаки тиббӣ: гузориши ЮНИСЕФ аз вазъи муҳоҷирони кӯдак

Мушкилии соҳаи тиб низ ҳаст

Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносон норасоии таҷҳизотҳои тиббиро яке дигар аз мушкили соҳаи тиб, дар шароити таваллудхонаҳо таъкид мекунанд. 

"То ҳол, на дар ҳамаи таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ ба хусус дар шароити ноҳияҳои дурдасти кишвар, таҷҳизотҳои замонавӣ ба мисли МРТ томографияи магнитию резонансӣ, дасгоҳҳои ташхиси ғадуди ширӣ (момография) ва ё дастгоҳҳои ташхиси рагҳо (ангиограф) мавҷуд намебошанд. Будани ин таҷҳизотҳо имкон медиҳад, ки модарон сари вақт вазъи солимии худро ташхис кунанд ва сари вақт табобат гиранд", - иброз медорад, Мунаввара Акрамова, духтури гинеколог ва аз ходимони соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд.

Мавзӯъи маргумири модару кӯдак солҳои охир дар ҳоле доғтар мешавад, ки ду сол қабл чанд нафар аз масъулини зоишгоҳҳои вилояти Суғд дар зоҳир намудани хунукназарӣ ба вазифаи хидматии худ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷозот карда шуданд.

Мурдатаваллудкунӣ: ба саломатии занони ҳомила таваҷҷӯҳ намекунанд

Бино ба гуфти Фаррух Мақсудзода, дар соли 2018 дар вилояти Суғд, 688 ҳодисаи мурдатаваллудкунӣ ба қайд гирифта шудааст.

Наима Раҳимбоева мудири шӯъбаи амрози занона дар таваллудхонаи вилояти Суғд, иллати фавти кӯдаконро аз норасо ва ё пеш аз мӯҳлат ба дунё омадани онҳо  арзёбӣ мекунад. Ӯ мегуяд, ки чунин ҳолатҳо бештар аз солимии занон вобаста буда, мутаасифона дар баъзе хонаводаҳо ба вазъи солимии занони ҳомила аслан таваҷҷӯҳ намекунанд.

"Афсус, ки бархе занҳои мо солим нестанд. Ҳам занҳо ва ҳам мардҳо барои солимии худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Онҳо бештар дар бораи сару либос, мошини нав харидан ва баргузор кардани туйҳои пурдабдаба фикр карда, дар асл дар бораи худ, дар бораи зану кӯдаконашон фикр намекунанд", - таъкид мекунад вай.

Мужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи табиби тоҷик барои хатнаи ғайриқонунӣ: кӯдак беҳуш шуд

Манижа Султонова ходими тиб ва масъули ташкилоти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд мегӯяд, камиттилоъии аҳолӣ ва риоя накардани тарзи ҳаёти солим, ва ё риояи фосилаи байни таваллуд ҳам аз иллатҳоест, ки  метавонад ба вазъи саломатӣ модарон таъсир намояд.

Ман аз рӯзгори вазнин занони ҳомила метавонам, чандин мисолҳоеро зикр намоям, мегӯяд бо таассуф коршинос.

"Як зан дар замони ҳомиладорӣ тавассути харароба ба замине мерафт, ки дар он кишту кор менамуд. Ин зан се кӯдаки ноболиғ дошт ва шавҳараш дар Русия кор мекард. Ҳамагӣ чанд рӯз то таваллуд кардан монда буду ҳамоно ӯ дар саҳро кор мекард. Рӯзе дар роҳ ба саҳро хараробаи зан ба садама дучор мешавад. Зану кӯдакашро табибон натавонистанд, наҷот диҳанд. Мушкилот дар деҳотҷойҳо хеле зиёд аст, - таъкид мекунад вай.

Коршиносон мегуянд, дар замони шуравӣ давлат барои занони ҳомила муқарраротҳои беҳдоштии риояи тарзи ҳаёти солимро пешбинӣ мекард. Аммо дар шароити имрӯза ба далели вазъи ноустувори иқтисодӣ ин муқарраротҳо  бар души худи сокинон вогузор буда, ҳар касе дар доираи тавони худ аз онҳо риоят мекунад.  Аз ҷумла маблағгузории нокофии системаи тандурустӣ, фасоди идорӣ, ташхиси собити сифати хизматрасонии тиббӣ аз иллатҳоест, ки монеи пешбурди чораҳои амиқ дар самти нигаҳдошти саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон боис мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0