ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Уганда зане бо номи Мариам Набатанзи зиндагӣ мекунад,ки серфарзандтарин модари дунё ба шумор меравад. Ӯ то 39 солагиаш 38 фарзанд ба дунё овардааст.
Дар ин бора шабакаи Kenya CitizenTV хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ин зан табиати вижа дошта, ягон маротиба як фарзанд таваллуд накардааст. Дугоники нахустинашро Мариам дар 13-солагӣ таваллуд кардааст. Ҳамин тавр ӯ панҷ маротиба дугоник, чор маротиба сегоник ва панҷ маротиба чоргинок таваллуд кардааст.
Ин хонавода дар як манзили гилӣ ба сар мебарад. Чанде пеш падари оила, хонаводаашро партофт ва айни замон зан дар танҳоӣ фарзандонашро трабия мекунад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зане дар давоми нӯҳ дақиқа шаш фарзанд ба дунё овард.
Ин ҳодиса дар Техас ба вуқӯъ пайваст. Духтурони таваллудхонаи маҳаллӣ қайд мекунанд, ки зан таваллудкуниро аз соати 4:50 бо вақти маҳаллӣ сар кардаасту аллакай соати 4:59 озод шудааст.
Духтурон қайд мекунанд, ки на ҳамаи занҳо имкони таваллуд кардани шаш фарзандро доранд.