ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши Кумитаи кор бо ҷавонон, дар мулоқот масъалаҳои татбиқи ҳамгироӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои гуногуни муштарак, таъсис лоиҳаҳои нави иноватсионӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ибрози назар карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ба мувофиқа расиданд.
Орумбекзода ба Поммершайм мусаввараи кундал тақдим кард
Ёдрас мешавем, ки Ҷон Марк Поммершейм дар роҳбарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Ковертро иваз кард.
Ҷон Марк Поммершейм дипломати касбӣ буда, соҳиби мақоми консул аст ва аз соли 1990 дар низоми сиёсати хориҷии Амрико кор мекунад. Ӯ ахиран муовини роҳбари намояндагии сафорати Амрико дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон буд.
Поммершейм қаблан дар консулгарии Амрико дар шаҳри Владивостоки Русия ва ҳамчунин дар 6 намояндагии дигари дипломатии кишвараш, аз ҷумла дар Чину Ҷопон фаъолият кардааст.