Пас аз қироъати шеъри Румӣ, сафири ИМА қурутобхӯрӣ рафт - Видео

Обуна шудан
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook наворе нашр кардааст, ки дар он сафари ин кишвар дар қурутобхонае дар Душанбе маззаи хӯроки миллии тоҷиконро мечашад

Сафири ИМА Ҷон Поммершайм ва сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Ҷефф Роденаур маззаи қурутоби тоҷикиро чашиданд.

Сиёсатмадорон меҳмондории тоҷиконаро ба навор гиирфта дар саҳифаашон нашр кардаанд.

Ҷон Поммершаймро яке аз дӯстони сафорат ба чойхона даъват кардааст. Дар аввал онҳо бо ҳамдигар салом карда чанд вақт дастонги ҳамро сар намедиҳанд ва баъдан ба чойхона ворид мешаванд.

Сафири Амрико ба Қушнҳои сарҳадӣ таҷҳизот тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Поммершайм ба Қушунҳои сарҳадӣ ба 100 ҳазор доллар таҷҳизот тақдим кард

Чуноне аз обу рӯйи сафир ва меҳмондор - Қаюмҷон Турсунов аён аст, ҳарду ҷониб ҳам аз маззаи қурутоб ба ваҷд омаданд.

Қурутоб ғизои миллии тоҷикон буда, аз табақи чӯбӣ бо даст истеъмол мешавад.

Аз навор дида мешавад, ки сафир қурутобро бо қошуқ мехӯрад, вале аз як табақ бо меҳмондори тоҷикаш.

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, қабл аз сафараш ба Душанбе нахустин паёми видеоии худро нашр карда буд, ки дар он аз як мисраи Ҷалолиддини Румӣ “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ёдрас шуд.

Ёдрас мешавем, ки Ҷон Марк Поммершейм дар роҳбарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Ковертро иваз кард.

Ҷон Марк Поммершейм дипломати касбӣ буда, соҳиби мақоми консул аст ва аз соли 1990 дар низоми сиёсати хориҷии Амрико кор мекунад. Ӯ ахиран муовини роҳбари намояндагии сафорати Амрико дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон буд.

Поммершейм қаблан дар консулгарии Амрико дар шаҳри Владивостоки Русия ва ҳамчунин дар 6 намояндагии дигари дипломатии кишвараш, аз ҷумла дар Чину Ҷопон фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0