Ҷоми Президенти Тоҷикистон: теннисбозони хориҷӣ барои 10 ҳазор сомонӣ рақобат хоҳанд кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТеннис, архивное фото
Теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти кишвар аз 23 то 27 августи соли равон мусобиқаи байналимилалии теннис баргузор мегардад, ки дар он қарор аст, теннисбозони Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва Русия иштирок кунанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз 23 то 27 августи соли равон дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” баргузор мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА” дар истинод ба сармураббии Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои раисҷумҳур дар бораи бунёди майдони футбол ва теннис

 Бино бар иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд.

Дар Душанбе ду мусобиқаи байнулмилалӣ доир ба теннис баргузор мегардад

Манбаъ қайд намудааст, ки айни замон иштироки варзишгарон аз Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва  Русия муайян гардидааст. То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.

Мусобиқаи  байналмилалии теннис  барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” бори даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Мақсад  аз баргузории он муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон  мебошад.

Дар Душанбе мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис баргузор гардид

Мусобиқаи  байналмилалии теннис  4 рӯз идома хоҳад ёфт. Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0