ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.
Дар ноҳияи Шоҳмансур Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддӣ барои пурра азнавсозӣ кардани Боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар майдони 8 гектар дастуру ҳидоятҳо доданд.
"Дар ин ҷо оянда дар асоси супориши раисҷумҳур майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси руйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта мешавад", —омадааст дар хабарнома.
Боғи назди театр тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон бояд то 1 сентябри соли 2018 дар арафаи ҷашни умумимиллии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба истифода дода шавад.
Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ рӯзи якшанбе, 21 январ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шудааст.
Раисҷумҳур ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур дода, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ, дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шуда, нашъунамои хуби онҳо таҳти назорат гирифта шавад.