Ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ним сол ба 10,9 миллиард сомонӣ баробар шуд

© Sputnik / Амир ИсаевКупюры сомони
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми кулли буҷаи давлатии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон ба 10,9 миллиард сомонӣ, ҳудуди 1,1 миллиард доллар шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми буҷаи давлатӣ 0,4 дарсад, ё 48,4 миллион сомонӣ бештар аз ҳаҷми барномарезишуда мебошад, хабар додааст ТоҷикТА.

Здание налогового комитета в Душнабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи андоз иҷро нашуд: муовини раиси Кумита сабабашро гуфт

Бар асоси додаҳои Вазорати молия, даромади дохилии буҷаи давлатӣ дар ин муддат 5,5 миллиард сомонӣ ва даромад аз пардохтҳои гумрукӣ 2,5 миллиард сомонӣ будааст.

Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 беш аз 23,7 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.

Қаблан Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 гардиши савдои хориҷии кишвар 2 миллиарду 94 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 миллион доллар бештар мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҳаҷми умумии гардиши мол 1 миллиарду 555,9 миллион доллар ба содирот ва 538,1 миллион доллар ба содирот рост омадааст.

“Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 74,3 фоиз ва содирот ба 25,7 фоиз баробароб мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли равон бо 101 мамлакати ҷаҳон додугирифт дошта, аз ҳаҷми умумии содирот 200,2 миллион доллар ё 27,9  фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 62,1 фоиз ё ба арзиши 337,9 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0