ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 6 моҳ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 98,6% иҷро гардида, ба ҷойи 5 миллиарду 546,7 миллион сомонии нақша, дар амал ба буҷаи давлат 5 миллиаруд 466,7 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Ба иттилои Кумитаи андоз, ин нишондод дар муқоиса бо нақша 80 миллион сомонӣ кам буда, нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта, 416,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
“Сабабҳои дар ин давра таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ- ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар як зумра корхонаҳои калон, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ бо сабаби кам шудани манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои овозии байналмилалӣ ва ба танзим дароварда нашудани хизматрасониҳои телематикӣ, инчунин аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобшуда ва дигар омилҳо вобаста мебошад”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Солеҳзода.
Манбаъ афзуд, ки дар нимсолаи аввал иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ 107,0%, вилояти Хатлон – 102,6%, Суғд – 102,4% ва шаҳри Душанбе – 100,9% таъмин карда шуд.