ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти Кремл, сӯҳбати телефонии раисҷумҳурони ду кишвар бо дархости Владимир Зеленский президенти Украина сурат гирифт.
Гуфта мешавад, дар сӯҳбати телефонӣ Путин ва Зелинский масъалаи ба эътидол овардани муноқишаи марзиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз зарурати риоя шудани низоми оташбас дар марзи ин ду давлат, ки аз 21-уми уми июл гирифта шуда буд, табодули назар намуданд.
"Президенти Русия Владимир Путин изҳор намудаааст, ки барои ба эътидол овардани вазъият дар марз зарур аст, аз ҷониби низомиёни украинӣ ба тирпаронӣ суйи манотиқи аҳолинишини Донбас, ки мӯъҷиби ҳалокати чандин нафар аз сокинони осоишта гардида буд, хотима ёбад",- омадааст дар хабари Кремл.
Гузашта аз ин Путин ва Зеленский муҳимияти татбиқи натиҷаи созишномаи Минск, аз ҷумла додани мақоми махсус ба Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Луганскро низ қайд намуданд.
Дар рафти сӯҳбат масъалаи баргардондани боздоштшудаҳои ҳар ду ҷониб низ дар меҳвари гуфтугуйи роҳбарони давлат қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки сӯҳбати навбатии Путин ва Зелинский субҳи чаҳоршанбе иттифоқ афтод.