Дар Афғонистон 18 нафар бар асари инфиҷори мошин ҷон бохтанд

© AP / Rahmat GulАфганские силовики прибыли на место где произошел взрыв в мечети 24 мая 2019
Афганские силовики прибыли на место где произошел взрыв в мечети 24 мая 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз дар Афғонистон дар назди идораи пулис мошини бомбгузоршуда мунфаҷир шуд, ки дар пай талафоти зиёди ҷонӣ доштааст

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари сомонаи Tolo News  дар Афғонистон зимни таркиши мошини ҳомили маводҳои тарканда дасти кам 18 нафар ҷони худро аз даст дода беш аз 100 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Афганские силовики прибыли на место где произошел взрыв в мечети 24 мая 2019  - Sputnik Тоҷикистон
Кушта шудани ҳафт пулиси афғон аз ҷониби ҳамсафашон

Манбаъ менависад, ки миёни ҳалокшудагон кӯдакон ва занон низ қарор доранд.

Дар Афғонистон сафи неруҳои Амрикоӣ коҳиш меёбад

Намояндаи асосии Вазорати беҳдошти ин кишвар Ваҳидулло Маёор ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст, ки ҷангиён мошини ҳомили маводи таркандаро дар маҳалли серодам инфиҷор сохтанд, ки дар натиҷа ба беморхонаимо беш аз 100 нафар маҷруҳону ҷароҳатбардоштагон интиқол ёфтанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки соати расо 09:00 мошини ҳомили маводи мунфаҷира ба бинои идораи пулис бархӯрд ва сипас инфиҷор шуд.

Террорист худро тарконд ва 200 касро дар Ғазнӣ захмӣ кард

Масъулияти ин ҳамларо ҷангиёни ҳаракати “Толибон” бар дӯш гирифтанд, ва изҳор доштаанд, ки ҳадафи ҳамлаи мо кормандони пулис буданд.

Лентаи хабарҳо
0