ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафир аз вазир хост, ки парвозҳо миёни Тоҷикистону Украина барқарор шаванд
Манбаъ қайд намудааст, ки муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Василий Серватюкро ба муносибати ба вазифаи сафир таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Пётр Порошенко, раисҷумҳури Украина рӯзи 18 октябр бо фармони худ Виктор Никитюкро аз мақоми сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод карда буд.
Виктор Никитюк аз 30 августи соли 2012 вазифаи сафири Украина дар Тоҷикистон ва аз 6 декабри соли 2013 ҳамзамон мақоми сафири Украина дар Афғонистонро бар ӯҳда дошт. Қароргоҳи ӯ дар Душанбе буд.
Дар фармон Петро Порошенко сабаби барканории Виктор Никитюкро аз мақом зикр накарда буд.
Дар фармон танҳо омада буд, ки Виктор Никитюк аз мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод карда шавад.