Пётр Порошенко сафирашро дар Тоҷикистон аз вазифа озод кард

© SputnikМеждународная выставка посвященная дню городу Душанбе
Международная выставка посвященная дню городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Виктор Никитюк ба вазифаи сафири Украина дар Душанбе соли 2012 дар даврони ҳукмронии Виктор Янукович, собиқ раисҷумҳури Украина таъйин шуда буд

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Пётр Порошенко, раисҷумҳури Украина рӯзи 18 октябр бо фармони худ Виктор Никитюкро аз мақоми сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод кард.

Лутсенко: ҳайати ҳукумати Украина мувофиқа шудааст

Фармони аз вазифа озод намудани Виктор Никитюк дар сомонаи раисҷумҳури Укроин нашр шудааст.

Виктор Никитюк аз 30 августи соли 2012 вазифаи сафири Украина дар Тоҷикистон ва аз 6 декабри соли 2013 ҳамзамон мақоми сафири Украина дар Афғонистонро бар ӯҳда дошт. Қароргоҳи ӯ дар Душанбе буд.

Дар фармони Петро Порошенко сабаби барканории Виктор Никитюк аз мақом зикр нашудааст.

Дар фармон танҳо омадааст, ки Виктор Никитюк аз мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0