ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” моҳи сентябри соли равон дар маркази вилоят Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” гузаронида мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои кишварҳои ҳамсуд ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав доир хоҳад шуд.
Инчунин, манбаъ зикр намудааст, ки дар фестивал ҳунармандони соҳаи эстрада, бахусус ҷавонон, ҳамчунин санъаткорон – меҳмонон аз давлатҳои Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин иштирок хоҳанд кард.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ба ғолибону иштирокчиёни Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти вилояти Суғд тақдим карда мешавад.