Гумрук: моли Тоҷикистон бештар ба Швейтсария содир мешавад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала, архивное фото
Работа грузового контейнерного терминала, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли 2019 гардиши савдои хориҷии кишвар 2 миллиарду 94 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 миллион доллар бештар мебошад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ҳаҷми умумии гардиши мол 1 миллиарду 555,9 миллион доллар ба содирот ва 538,1 миллион доллар ба содирот рост омадааст.

Производство меда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори канадагӣ дар Суғд асал истеҳсол мекунад

“Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 74,3 фоиз ва содирот ба 25,7 фоиз баробароб мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли равон бо 101 мамлакати ҷаҳон додугирифт дошта, аз ҳаҷми умумии содирот 200,2 миллион доллар ё 27,9  фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 62,1 фоиз ё ба арзиши 337,9 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур сурат гирифт.

“Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Швейтсария -  23,1%, Туркия -  22,6%, Қазоқистон - 17,1%, Узбакистон - 15,6%, Чин - 5,1%, Афғонистон -  3,7%, Русия - 3,1% ва Эрон - 2,1%-ро ташкил медиҳад.

Дни Навруза на Старом Арбате в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Тадқиқот нишон дод: наздик ба 77 дарсади либосворӣ ба Тоҷикистон аз Чин ворид мегардад

Дар мавриди воридоти мол Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз ҳаҷми умумии воридот 61 фоиз ва ё 947,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур ва 39 фоиз ё 608,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.

“Воридоти асосии мол аз рӯи нишондоди фоизӣ ба давлатҳои Русия- 30,6 фоиз, Қазоқистон – 21,5 фоиз, Чин – 16,9 фоиз, Туркия – 4,5 фоиз, Узбакистон – 4,4 фоиз, Украина – 1,5 фоиз, Ҷопон – 2,2 фоиз ва Олмон 2 фоиз рост меояд”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0