ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маркази тиҷорати байналмилалӣ, тадқиқот бо номи “Омӯзиши бозори либоси Тоҷикистон” гузаронида шуд ва сар аз рӯзи 31-уми июли соли равон дастраси умум гардид.
Бино бар иттилои манбаъ, тадқиқоти мазкур нахустин чунин як пажӯҳиши фарогири бозори либоси кишвар мебошад.
Дар тадқиқоти мазкур ҳаҷм ва сохтори бозори либоси Тоҷикистон, бозигарони аслӣ, ҳаҷми содироту воридот, нархгузорӣ, ва шабакаҳои тақсимоту тарғибот ва фурӯшро муайян шудааст.
Маълумот дар бораи истеҳсолкунандагони пешсафи ватанӣ низ дар тадқиқот ҷой дода шуда, дар он, ҳамчунин, ба ҳукумат ва бахши хусусӣ тавсияҳо пешниҳод мегардад.
“Тадқиқоти мазкурро профессор Азизулло Авезов, мудири ширкати “Business Consulting Group” доир намуд, ки дар он масоили марбут ба ҳаҷми бозори либоси Тоҷикистон, сохтор ва равандҳои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст”, - гуфт манбаъ.
Тадқиқот бозорҳои мавҷудаи либосфурӯшӣ, дӯконҳои брендии ширкатҳо, фурӯшгоҳҳо, бутикҳо ва маконҳои дигари фурӯши сару либосро дар кишвар фаро мегирад.
Тавре тадқиқот муайян намудааст, дар соли 2017 ҳаҷми умумии бозори либосвории Тоҷикистон 241 миллион долларро ташкил дод, ки нисфи он аз сарулибоси аврупоӣ иборат мебошад. Қисмати азимтарини либосвории воридшуда, 77 дарсадро воридот аз Чин ташкил дода, бино бар омори расмӣ аз соли 2017, дар ин ҷадвал ҷойи дуввумро Туркия бо 15.9% ишғол менамояд.
Дар сохтори бозори либоси Тоҷикистон, либоси аврупоии мардонаву занона ва кӯдакона 49,7%, либоси миллӣ 26,5%, либоси трикотажӣ 4,1% либоси варзишӣ 6,5% либоси мактабӣ 10,5% ва дигар намудҳои либосҳо 2,4 дарсадро ташкил медодааст.
“Маълумоти дақиқ ва комил доир ба вазъи бозори либос, омилҳо ва тамоюлоти рушди он ҳам барои бахши хусусӣ ва ҳам барои бахши давлатӣ лозим аст. Дар баробари ин, ҷамъории омори пурраи ин бозор осон нест, чунки корхонаҳои зиёди ғайрисоҳавие низ ба истеҳсолот машғуланд, ҳаҷми зиёди либоси мардонаву занонаи миллӣ дар хонаҳо дӯхта мешавад, ва воридоти ғайрирасмии либос низ ҳаҷми қобили мулоҳиза дорад” – гуфт Профессор Авезов.
Расман, дар Тоҷикистон 95 корхонаи дӯзандагӣ кор мекунанд, ки аксарияташон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Танҳо дар соли 2017 дар дохили кишвар дар ҳаҷми 21.6 миллион доллар либосворӣ истеҳсол шудааст.