Аз боғу парчам то бинои нави ҳизби ҳоким: Раҳмон дар Ховалинг чанд иншоотро ифтитоҳ кард

Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ховалинг як зумра иншоотҳои муҳимро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, кишвардор Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир шудааст, ифтитоҳ намуд.

Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ соҳиби бинои нави маъмурӣ шуд

Тавре манбаъ қайд намудааст, иншооти мазкур бо назардошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бунёд карда шудааст.

Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо назардошти Нишон ва Парчами давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг бунёд гардида аст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Тоҷикистонро, ки бо баландии 24 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор дод.

Инчунин, раисҷумҳури кишвар зимни боздид аз боғи мазкур дар шафати Нишони давлатӣ  Парчами давлатии Тоҷикистонро, ки бо баландии 53 метр қомат афрохтааст, ба истифода дод. Ба иттилои масъулин, паҳноии Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш ба 14 метр баробар аст.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Ховалинг рафт: сафари кории Президент ба ин ноҳия бо ифтитоҳи мактаб оғоз ёфт

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ кард.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, Президент иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ кард.

Масъулин ба роҳбари кишвар иттилоъ доданд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро ҷавонон ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор дод.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб карда шудаанд.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор" оғоз бахшид

Манбаъ махсусан қайд намудааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ имкони ташхису табобат ва анҷоми амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ дар дохили ноҳия пурра фароҳам мегардад.

“Қаблан ниёзмандону беморон барои ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба шаҳри Кӯлоб ва пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мерафтанд, ки харҷи зиёди маблағ ва вақтро талаб мекард. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави Беморхонаи марказӣ мушкилии аҳолии қариб 60-ҳазорнафараи ноҳияи Ховалинг ҳалли худро пайдо намуд”, - зикр намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Лентаи хабарҳо
0