Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ соҳиби бинои нави маъмурӣ шуд

© Фото : Пресс служба президента РТПосещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном
Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Ҷамоати деҳотро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ сохта шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардида, корҳо ба тариқи ҳашар иҷро гардидаанд.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши "Сари Хосор" оғоз бахшид

Манбаъ қайд намудааст, ки бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд шуда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, иншооти мазкур дорои имконоти муосири фаъолият мебошад.

Манбаъ зикр намудааст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, шароити хуби кориро  ба кормандони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ фароҳам меорад.

“Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд”, - қайд намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг сокинон ва кормандони ҷамоатро табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базиммадоштаашон ҳидоят кардааст.

Лентаи хабарҳо
0