Вазири тоҷик бандари Чобаҳори Эронро ояндадор хонд

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Эронро барои истифода аз бандари Чобаҳор тасдиқ карда, изҳор дошт, ки феълан Ҳукумат тасмими дақиқ дар бораи ин бандарро қабул накардааст

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Чобаҳор бандари ояндадор аст ва Ҳукумати Эрон талош дорад, ки кишварҳои минтақа аз он истифода барад.

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Чобаҳор - “дарвозаи тиллоӣ” - и Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд

Вазир таъкид кард, ки дар маҷмуъ Тоҷикистон ҷонибдори ҳар иқдомест, ки ба фоидаи иқтисоди кишвар мебошад, аммо дар мавриди Чобаҳор феълан тасмими мушаххасе қабул нашудааст.

Ахиран Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи охирини Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ – “ЭКО” ҳукумати Эрон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳ ба баҳр надоранд ва бо роҳҳои заминӣ маҳдуд шудаанд, хостааст, ба ин бандар оянд ва ройгон барои худ ҷой иҷора гиранд. Вай афзуд, Тоҷикистон ҳоло аз тариқи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад.

“Худи бандар ҳоло дар марҳалаи сохтмонӣ аст. Аз чор ду марҳалаи сохтмонаш шурӯъ шудааст. Агар мо ҳам тавонем, ки дар он ҷо як миқдор заминро иҷора гирему инфрасохтори худамонро барои борҳои худи Тоҷикистон, аз қабили анборҳо, майдонҳои борфарорӣ ва ғайра, ташкил кунем, ба манфиати кор мебуд. Барои ин бояд ягон мақомот ваколатдори Тоҷикистон бояд вобаста карда шавад”, - афзуд Ганҷалзода.

Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон омода аст Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад

Бино ба ахбори дарёфтӣ, Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ шахсан аз ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон зимни ширкат дар ҷаласаи панҷуми Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июни соли равон дар Душанбе баргузор шуд, дигарбора чунин даъват кардааст.

Аммо аввалин даъват ба Чобаҳорро президенти Тоҷикистон ҳанӯз замони сафараш ба Ҳиндустон (14 ба 18 декабри соли 2016) аз нахуствазир Нарендра Моди гирифта буд. Нахуствазири Ҳинд эълон дошта буд, ки Тоҷикистону Ҳинд тиҷорат ва ҳамкориҳои худро тариқи бандари Чобаҳори Эрон рушд хоҳанд дод.

Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми мулоқоташ бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон дар рӯзи 1 июни 2019 низ хостори истифодаи бандари Чобаҳор барои транзити молҳои тиҷоратии Тоҷикистон шуда буд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон талош дорад соҳибкорони Эрони дубора ба ҷумҳурӣ баргарданд

Дар ҳамин ҳол, Суҳроб Мирзозода, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, ин мавзӯъ шояд дар сатҳи боло баррасӣ шудааст, зеро то ба ҳол вазорати нақлиёт ягон маълумот ё супоришеро дар ин маврид дар даст надорад.

Чобаҳор, дар гузашта Бандари Биҳиштӣ ном дошт ва шаҳре дар музофоти Систону Балуҷистони Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Уммон ва дуввумин бандари бузурги ин кишвар пас аз Бандари Аббос аст.

Рӯзи 23 майи соли 2016 миёни Эрон, Ҳинд ва Афғонистон як паймони таърихӣ дар бораи тавсиаи бандари Чобаҳор ба имзо расид. Онро “санги таҳдоб” – и тарҳи бузурге ба номи “Даҳлези иқтисодию нақлиётии Шимол – Ҷануб” меноманд, ки наздиктарин нуқтаи васл ё “дарвозаи тиллоӣ” - и Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Русия ба Уқёнуси Ҳинд, ё “обҳои гарм” арзёбӣ шуд. Созмони Милали Муттаҳид Чобаҳорро яке аз минтақаҳои дар ҳоли рушди босуръати ҷаҳон меҳисобад.

Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ роҳбари “Аҷам Авиа”, 1 миллион доллари “Тобон Эйр”-и Эронро дуздид

Зарфияти бандар солона 2,5 миллион тон аст, ки дар ҳоли тавсиа ба 12 миллион тон хоҳад расид. Чобаҳор аз лиҳзои фосила бар Бандари Аббос, ки дар ҳоли ҳозир 85% - и тиҷорати баҳрии Эронро бо Русия, Ҳинд ва Аврупо таъмин мекунад, бартарӣ дорад. Он аз Зоҳидон, маркази Систону Балуҷистон - 700, марзи Афғонистон - 950 ва Сарахси Туркманистон - 1827 км дур аст.

Лентаи хабарҳо
0