Тоҷикистон талош дорад соҳибкорони Эрони дубора ба ҷумҳурӣ баргарданд

© Пресс-служба МИД РТНизомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии ин кишвар мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон зимни дидору гуфтугӯи Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ғуломризо Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии Эрон масоили сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Эрон ба Тоҷикистон: бахше аз бандари Чобаҳорро иҷора бигиред

Тавре манбаъ хабар додааст, дар  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо  барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид намуданд.

Ҷониби эронӣ омодагиашро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон  изҳор намуд ва таҳкими робитаҳои бахши хусусии ду кишварро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

Барои муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар давлатҳои якдигар муҳим дониста шуд.

Ҳамчунин тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, ки қарор аст охири соли равон дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардид.

Лентаи хабарҳо
0