ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Додгоҳи Синои шаҳри Душанбе дар қиболи як нафар шаҳрванди Тоҷикистон Ҳайдаров бо гумони фиреб ва доду гирифти ғайриқонунии асъори хориҷӣ ҳукм эълон намудаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дода афзуддаст, ки маҳкумшуда собик роҳбари ҶДММ “Аҷам-Авиа” мебошад, ки ин ширкат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷойгир аст.
Зикр мегардад, ки номбурда ба боварии намояндагони ширкати ҳавопаймоҳии эронии “Тобон Эйр” даромада, се маротиба аз онҳо наздики 1 миллион доллари амрикоӣ маблағ гирифтааст.
Ҳайдаров бояд бар ивази маблағи гирифтааш, ба ҷониби ширкати ҳавонавардии Эрон “Тобон Эйр” муҳаррики ҳавопаймои “Боинг 757-200”-ро харидорӣ мекард.
Ба нафаре дар назди “Султони Кабир” шинос шуду ба 112 ҳазор доллар фиреб хурд
Аммо номбурда 1 миллион доллари амрикоии ин ширкатро аз они худ намуда, ҳамин тавр намояндагони “Тобон Эйр”- ро фиреб додааст.
Гузашта аз ин Ҳайдаров ба ширкати “Нахустлизинги”-и Тоҷикистон низ хисороти калони молӣ расонидааст.
Додгоҳ, Ҳайдаровро тибқи моддаи 247 (фиребгарӣ) ва 286 (додугирифти ғайриқонунии асъори хориҷӣ) айбдор дониста, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз намуда буд.
Тибқи қарори додгоҳи ноҳияи Сино, Ҳайдаров ба мӯҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ҳамчунин автомашинаи шахсии тамғаи BMW-и Ҳайдаров, ки 16 ҳазор доллар арзиш дорад ва 987,5 ҳазор долларе, ки аз маҳкумшуда тибқи қарори суд гирифта шуда буд, ба моликияти ширкати эронии “Тобон Эйр” гузаронида шуд.