Дар Душанбе писари молики "Султони Кабир" ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд

© AFP 2023 / PHILIPPE HUGUENТюремный охранник стоит перед тюремной решеткой
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳ Исмоили Сомонӣ писари молики бозори "Султони Кабир" Кабир Кабировро гунаҳкори аслӣ будан дар садамаи нақлиётӣ, ки мунҷар ба ҳалокати ду нафар гардида буд, эътироф намуд

ДУШАНБЕ, 1 авг— Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе писари 19- солаи Авазхон Кабиров молики  бозори "Султони Кабир" ба 8,5 соли зиндон маҳкум намуд, хабар медиҳад сомоани ТоҷикТа.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Аваз Кабиров, соҳибкор ҳангоми ифтироҳи корхона дар ноҳияи Восеъ - Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи Аваз Кабиров дар ҳоли муфлисшавист: кумакхоҳӣ аз Вазорат - акс

Бар хабари манбаъ, наздикони Кабир Кабиров фурсат доранд, ки аз ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Парвандаи ҷиноии №4070 алайҳи писари 18-солаи соҳиби “Султони Кабир”: шарҳи ВУД

Ёдовар мешавем, ки писари молики бозори "Султони Кабир" шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд.

Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш - Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон гардид.

Муттаҳам шудани се нафар дар оташсӯзии бозори "Султони Кабир"-и Душанбе

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, Кабир Кабиров "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст".

Ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа ва дар наздикии бинои порлумони Тоҷикистон рух дод.

Мошини қудратиҳо ба садамаи мудҳиш дучор шуд: дар кӯчаи собиқ Душанбе

Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0