Корхонаи Аваз Кабиров дар ҳоли муфлисшавист: кумакхоҳӣ аз Вазорат - акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Аваз Кабиров, соҳибкор ҳангоми ифтироҳи корхона дар ноҳияи Восеъ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Аваз Кабиров, соҳибкор ҳангоми ифтироҳи корхона дар ноҳияи Восеъ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи истеҳсолии 8-ошёнаи “Дунёи нав”, ки аз ҷониби Аваз Кабиров, молики бозори “Султони Кабир” дар кӯчаи Соҳилии Душанбе бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ сохта шуд, дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ин корхона бо 500 ҷойи корӣ, ки соли 2016 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори вақти Душанбе ба истифода дода шуд, дар ҳоли табоҳ қарор дошта, шомили феҳрасти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда шудааст.

Садамаи пурқурбонӣ дар маркази Душанбе бо иштироки Кабир Кабиров, сокини 18-солаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноии №4070 алайҳи писари 18-солаи соҳиби “Султони Кабир”: шарҳи ВУД

Тибқи гузориши нашрияи “Ҷумҳурият”, фаъолияти “Дунёи нав”, ки барои дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ дар он шароити арзанда муҳайёст, қариб қатъ шудааст.

“Дар нахустин рӯзҳои фаъолият дар ин иншоот зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардида буданд. Вале дар як муҳлати кӯтоҳ корхона бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти тайёр рӯ ба муфлисшавӣ ниҳода, шумораи зиёди кормандон аз бекорӣ корхонаро тарк карданд”, - навиштааст “Ҷумҳурият”.

Масъулони “Дунёи нав” дар суҳбат бо хабарнигори нашрия изҳор доштаанд, ки бо мақсади ба кор андохтани он бо мактуб ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то вазорат онро бо иқтидори пурра ба гардиши истеҳсолӣ дарорад.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи корхонаи "Дунёи нав" дар Душанбе, соли 2016
Корхонаи Аваз Кабиров дар ҳоли муфлисшавист: кумакхоҳӣ аз Вазорат - акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи корхонаи "Дунёи нав" дар Душанбе, соли 2016

“Ҳама ба умеди он буданд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати ба кор андохтани ин корхонаи калон чора меандешад. Аммо вазорат фақат ҳамин қадар “ташаббус” нишон дод: “Дунёи нав” - ро ба феҳристи корхонаҳое шомил намуд, ки давоми соли 2018 фаъолият накардаанд”, - изҳор доштааст манбаъ.

Нашрияи расмии Тоҷикистон бо зикри қазияи “Дунёи нав” навиштааст, ки “агар чунин корхонаҳо аз рӯи мақоли халқии “Хоҷа, боғ дорӣ...?” бунёд карда шаванд, пас чӣ гуна метавон ба воқеӣ будани омори ба фаъолият пардохтани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ дар корхонаҳои баъзе шаҳру навоҳӣ бовар кард?”.

Ин суолгузорӣ дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, танҳо давоми соли 2018 дар кишвар 127 корхонаи саноатӣ бо далелҳои гуногун фаъолият накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0