Тоҷикистон 29 хориҷиро "депорт" кард

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские милиционеры, архивное фото
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон барои нақз шудани қонунҳои амаликунандаи кишвар аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, 29 нафарро ихроҷ намуд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Аз 16-ум то 19- уми июли соли равон дар Тоҷикистон амалиёти махсуси мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳти унвони "Нелегал-Тобистон-2019" доир гардид.

Хафизахон Бутаева  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳақ ба ҳақдор мерасад?: Ҳафизахон Бутаева қиссаи латтукӯб ва ихроҷ шуданашро гуфт

Бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, амалиёти  мазкур  дар тамоми манотиқи кишвар: шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бвдвхшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт гузаронида шуд.

Зимни баргузории амалиёти мазкур,  риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи 

Зани тоҷикро баъди гум кардани кӯдакаш аз Русия ихроҷ мекунанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Президент РФ В. Путин посетил НПО Энергомаш - Sputnik Тоҷикистон
Ҷинояткорон ихроҷ шаванд: Путин ба идораи зиндонҳо ҳуқуқи депортро дод

Амалиёти "Нелегал-Тобистон-2019" натиҷагирӣ гардида, муайян карда шудааст, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 96 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 119 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош ва бақайдгирӣ содир шудааст.

Нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима шудаанд.

Инчунин, аз ин теъдод барои дағалона вайрон кардани қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0