Ҷинояткорон ихроҷ шаванд: Путин ба идораи зиндонҳо ҳуқуқи депортро дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин посетил НПО "Энергомаш"
Президент РФ В. Путин посетил НПО Энергомаш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурӯъ аз соли 2020 дар Русия Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН) метавонад муҳоҷиронро аз қаламрави Русия ихроҷ кунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия ҳуқуқи мамнӯъ кардани вуруд ба шаҳрвандони хориҷиро дод. Фармони вижаи президент дар вебгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ мунташир шудааст.

Мувофиқи он, ба хадамот салоҳияти мамнӯъ кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дода мешавад.

Фармони мазкур аз 1 январи соли 2020 ҳукми қонунӣ мегирад.

Бино бар иттилои расонаҳо, ФСИН метавонад муҳоҷиронеро, ки нисбати онҳо парванди ҷиноӣ боз шудааст, ихроҷ кунад. Пештар ин ваколат дар салоҳияти Вазорати адлияи Русия буд.

Лентаи хабарҳо
0