Ҳақ ба ҳақдор мерасад?: Ҳафизахон Бутаева қиссаи латтукӯб ва ихроҷ шуданашро гуфт

© © из личного архива Хафизахон БутаевойХафизахон Бутаева
Хафизахон Бутаева  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан мегӯяд, ӯро дар мағозаи хӯрокворӣ латтукӯб карданд, дар шӯъбаи пулис аризаи шикоятиашро қабул накарданд ва бо тӯҳмат ихроҷ карданд. Аммо чун итминон дошт, ки адолат ҳаст, даст боло накард ва умед дорад, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Номи Ҳафизахон Бутаева, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон пас аз латтукӯб шуданаш дар мағозаи хӯрокворие дар вилояти Маскав расонаӣ гашт.

Ҳодиса 3 марти соли равон дар мағозаи хӯроквории "Магнит"-и шаҳри Шёлковаи вилояти Маскав рух дода буд. Бегоҳи ҳамон рӯз зани тоҷикро латтукӯб мекунанд ва баъди чанде аз Русия ихроҷ мешавад. Фарзияҳои ҳодиса зиёд буданд.

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва вакилони дифои муҳоҷирон иддао доштанд, Ҳафизахонро дар шӯъбаи пулис низ латтукӯб кардаанд. Аммо сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ин гуфтаҳоро беасос хонд. Вай афзуд, ки баҳс танҳо миёни корманди мағоза ва зани тоҷик сар задааст, аммо дар ҳақиқат кормандони пулис шикояти Бутаеваро қабул накардаанд.

Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Таджикистана в России Иброхим Ахмедов , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадов: қазияи латтукӯби зани тоҷикро дар Шёлково баррасӣ мекунем

Sputnik Тоҷикистон бо худи ҷабрдида, Ҳафизахон Бутаева мусоҳиба кард ва асли қазияро пурсон шуд.

Соҳиби ду маълумоти олӣ ва ду фарзанд

Ҳафизахон Бутаева, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе, соҳиби ду фарзанд, чор соли ахир дар Русия кору зиндагӣ мекардааст. Ӯ пештар дар яке аз беморхонаҳои Маскав момодоя шуда кор мекардааст, ҳоло дар рухсатӣ аст ва дар Шёлкова дар коргоҳи қаннодӣ кор мекунад. Зан мегӯяд, илова бар маълумоти олии тиббӣ, маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад. Зан новосбта аз қазияе, ки ба сараш омадааст, баварӣ дорад, ки адолат ҳаст ва ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Коҳи кӯҳнаро бод дод

Sputnik: пас аз расонаӣ гаштани мушкилии ба сари шумо омада, фарзияҳо гуногун пайдо шуданд. Худ бигӯед, ки асли ҳодиса чигуна буд?

- Маро дар мағоза беасос латтукӯб карданд. Ҷанҷол миёни ману корманди "Магнит" сар зад. Маро вай тӯҳмат кард. Аслан ман бо ин зан соле пеш дар ҳамин мағоза барои ба фурӯш гузоштани ёгурти аз мӯҳлаташ гузашта, баҳс доштам. Пас аз он баҳс ба ин мағоза намедаромадам. Ҳамон рӯз саросемавор вориди мағоза шудам ва боз бо ҳамон зан рӯбарӯ шудам. Ӯ маро дидан замон ба ғур-ғур сар кард. Таҳқир мекард ва дар ҳаққам суханҳои нохуб мегуфт. Вақте ки ман гуфтам, ки "чӣ мегӯӣ?", ӯ ба таҳдид гузашт. Сипас бо таҷҳизоте, ки дар дасташ дошт ба сару рӯям зад.  Дар ҳамин ҳол директори мағоза пайдо шуд ва пурсон шуд, ки чаро ҷанҷол мекунед. Ӯ бо дидани мудираш ба ман тӯҳмат кард, ки дуздӣ кардаам. Аммо исбот карда натавонист, ки чиро дуздидаам. Баъд аз он аз ҳуш рафтам ва баъди каме ба худ омада, пулис ва ёрии таъҷилиро даъват кардам.

Sputnik: зане, ки шуморо зад кассири мағоза буд?

- Не, муовини директори мағоза ва зани тақрибан 45-50-сола аст.

Sputnik: вақте шумо баҳс мекардед, нафаре ҳамроҳ нашуд?

- Не, ҳама ба кори худ овора буданд. Танҳо мудири мағоза пайдо шуд ва пурсид, ки чаро ҷанҷол мекунед. Ӯ маро дар ҳамин ҷо ба дуздӣ тӯҳмат кард.

Sputnik: занозанӣ байни ҳардутон буд?

- Не, ӯ фақат маро зад, ман даст набардоштам, ҳаммааш дар камера сабт шудааст.

Насилие над женщинами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани муҳоҷирро мардони муҳоҷир лату кӯб ва таҷовуз карда, аз ошёнаи севум партофтанд

Sputnik: Баъд чӣ шуд?

- Пулис ва ёрии таъҷилӣ омаданд. Аммо пулис аризаи шикоятии маро қабул накард.

Sputnik: рост аст, ки намонданд, то ёрии таъҷилӣ ба шумо кӯмак кунад?

- Бале, зане, ки бо ман ҷанҷол кард, намонд.

Болои сӯхта намакоб

Sputnik: шуморо чигуна ихроҷ карданд?

- Ман баъди аз шӯъбаи пулис баромадан, ба прокуратура рафта, шикоят кардам, ки пулис аризаи маро қабул накард. Прокурор барои аз духтур гузаштан ба ман роҳхат дод. Вақте аз духтур мегузаштам, кормандони пулиси ҳамон шӯъба омада, маро бурданд ва баъди 10 соат нигоҳ доштан, бардурӯғ ҳуҷҷат надорад гуфта, ҷарима навиштанд.  Рӯзи 5-уми март ба додгоҳ бурда, ихроҷ карданд.

 Ҳамчунин прокурор дар наздам ба политсия занг зада даъво кард, ки чаро аризаи маро қабул накардаанд ва маро ба ташхиси тиббӣ набурданд. Аз он ҷо гуфтанд, ки хато шудааст ва дубора назди мо равон кунед, мо ҳаммаашро мекунем. Аммо  ба ҷои ташхиси тиббӣ ва қабули ариза ихроҷ кунониданд.

Ҳақ ба ҳақдор мерасад?

Sputnik: пас аз ихроҷ шудан, чӣ кор кардед?

- Ман боварӣ доштам, ки дар ин қазия гуноҳ надорам ва адолат ҳасту ҳақ ба ҳақдор мерасад. Барои ҳамин боз ба прокуратура рафтам ва консулии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Ҳоло ҳам дар прокуратура, ҳам дар пулис ва ҳам дар консулии Тоҷикистон муроҷиати ман қабул шудааст ва қазия тафтиш мешавад.

Sputnik: ба шумо нафаре кӯмак мерасонад?

- Касе кӯмаки молӣ нарасонидааст. Аммо намояндаи Консулии генералии Тоҷикистон дар Маскав зуд-зуд дар тамос мешавад. Ҳоло консулӣ барои бекор кардани қарори ихроҷам кор карда истодааст. Ман ВНЖ (иҷозаи истиқомат дар Русия) дорам.

Sputnik: агар шикояти шуморо қабул карда бошанд, феълан тафтишот дар кадом марҳила аст?

- Рӯзи гузашта 12-уми март намояндагони пулис ва прокуратура маро ба ташхиси тиббӣ бурданд.  Баъдан дар ҳузури онҳо аз ташхиси судӣ гузаштам. Сипас намояндагони мақомот ҳамроҳи ман ба ҷои ҳодиса омада, шаш корманди мағозаро, ки шоҳиди ҳодиса буданд, бозпурсӣ кардаанд. Маро намонданд, ки бо онҳо вориди магазин шавам, аммо гуфтанд, ки комераҳоро тафтиш карданд ва ҳамаи далелҳои бегуноҳ будани маро пайдо намуданд.

© © из личного архива Хафизахон БутаевойХафизахон Бутаева
Ҳақ ба ҳақдор мерасад?: Ҳафизахон Бутаева қиссаи латтукӯб ва ихроҷ шуданашро гуфт - Sputnik Тоҷикистон
Хафизахон Бутаева

Sputnik: Хулосаи тахшиси тиббӣ чӣ аст?

- Навиштаанд, ки устухони қисми рости рӯй ва косахонаи сарам шикастааст.

Дурӯғпароканӣ барои "лайк"

Sputnik: баъди ҳал шудани мушкилиатон чӣ кор кардан мехоҳед?

- Чор сол аст, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунам. Маълумоти тиббӣ дорам ва дар яке аз беморхонаҳои Маскав момодоя шуда кор мекардам. Ҳоло дар рухсатиам ва дар коргоҳи қаннодӣ кор мекунам. Фарзанди калониам синфи 3 мехонад. Падари фарзандонам тарки оила кардааст. Пас аз ҳал шудани мушкилиам мехоҳам кору зиндагиамро дар ҳамин ҷо идома диҳам. Аммо дар ин ҳодиса рафтори нафароне, ки  барои ҷамъ кардани "лайк" дар интернет бархе гапҳои бардурӯғ навиштанд, нигарон шудам. Волидонам ин гапҳоро хонда, дар Тоҷикистон бемор шудаанд.

© © из личного архива Хафизахон БутаевойХафизахон Бутаева
Ҳақ ба ҳақдор мерасад?: Ҳафизахон Бутаева қиссаи латтукӯб ва ихроҷ шуданашро гуфт - Sputnik Тоҷикистон
Хафизахон Бутаева

Sputnik: Ба шумо шифои оҷил ва барор мехоҳем.

- Ташаккур.

Лентаи хабарҳо
0