ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik Бар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд, шаҳрвандон дар ҷойи барои шиноварӣ мамнӯъ оббозӣ намуда буданд.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки рӯзи 26- уми июли соли равон тахминан соати 18:20 дақиқа наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар дарёи Сир сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари панҷсолаи вай ва хоҳари 12-солаашро, ки дар ҷойи мамнуъ оббозӣ мекарданд, аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд.
Гуфта мешавад, ин се тан барои истироҳат ба соҳили Сирдарё омаданд ва ҷойеро барои тафреҳ интихоб карданд, ки дар он оббозӣ мамнуъ буд.
Ҷавоне дар талоши наҷоти дӯсташ ҷон дод: афзоиши қурбониёни шиноварӣ дар Тоҷикистон
Вақте вориди об шуданду каме пештар рафтанд, маҷоли бозгашт наёфтанд, ҷараёни об ва умқи он онҳоро ба худ мекашид ва тадриҷан ғарқ мешуданд, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Зимнан манбаъ таъкид намудаст. ки наҷотдиҳандагон дар навбатдории шабонарӯзии худ бештар ба ҷойҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки оббозӣ мамнуъ аст, чун медонанд, ки сокинон бо вуҷуди огоҳиҳо он маконҳоро ҷойи тафреҳу истироҳат қарор медиҳанд ва ҳатман вориди об мешаванд.
Кумитаи мазкур афзудаст, ки дар зарфи як ҳафтаи охир наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Суғд 8 нафарр аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд