Дар Душанбе ноболиғи 17- сола худро ба дарё партофта, худкушӣ кард

© PixabayЧеловек в воде
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Далели даст ба худкушӣ задани ҷавондухтари ноболиғ мавриди таҳқиқу тафтиш қарор дода шудааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Наҷотбахшон дар мавзеи назди бозори "Султони Кабир" ҷасади духтари 17- соларо аз рӯдхонаи Душанбе берун оварданд.

Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наҷоти зани 45-сола дар Душанбе, ки мехост даст ба худкушӣ занад

Бар хабари Кумитаи ҳолатҳоаи фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур дирӯз тақрибан соати 18:30 дақиқа рух додаст ва кормандони ин ниҳод шахтияти ҳалокшударо аллакай муайян намуданд.

Марҳум Ҳадиса Табарова сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  будаст. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишотӣ, Ҳадиса даст ба худкушӣ задааст.

Дар Кумита хабар доданд, ки наздикиҳои бегоҳи рӯзи 16-уми июл ӯ аз пули воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ худро ба дарё партофтааст.

Дар дарёи Душанбе боз як ҷавони дигари 18- сола ғарқ шуд-навор

Далели даст ба худкушӣ задани Ҳадиса Табарова мавриди таҳқиқу тафтиш қарор дода шудааст.

Ҳодисаи худкушии ин ҷавондухтар дар ҳолест, ки дирӯз Додситони олии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ аз афзоиши даст ба эъдом задани ноболиғон изҳори нигаронӣ намуд.

Вазорати тандурустӣ омилҳои даст ба худкушӣ задани ҷавононро таҳқиқ хоҳад кард

Ба иттилои Юсуф Раҳмон дар зарфи 6 моҳи охири соли равон дар ҷумҳурӣ 258 нафар даст ба худкушӣ заданд, ки аз ин миён 55 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0