Оё “хлеб” одамро мекушад? посухи роҳбарони Вазорати тандурустӣ дар бораи марги маҳбусон

© © Sputnik / Амир ИсаевУмарзода Саида Гайрат
Умарзода Саида Гайрат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон аз масъули ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ хост ба ин суоли рӯзноманигор посух диҳад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, мутахассисони ин ниҳод ба таҳқиқи заҳролудшавии маҳбусон дар пайи истеъмоли нон, ё худ “хлеб” машғул мебошанд

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон сардорони зиндонҳоро таъйин кард

Умарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли рӯзноманигорон, ки оё  “хлеб” метавонад боиси заҳролудшавӣ ва марги одамон гардад, изҳор дошт, ки масъулини Вазорат феълан дар ин масъала кор карда истодаанд.

Ӯ гуфт, дар мавриди шахсоне, ки заҳролуд шудаанд, айни ҳол тадқиқот рафта истодааст ва Вазорати тандурустӣ аз ҳар ҳолате, ки бо осеби одамон меанҷомад, якум огоҳӣ меёбаду бо онҳо кор мекунад.

Муовини аввали вазири тандурустӣ аз масъули ташхиси тиббӣ додгоҳӣ хост ба ин суоли рӯзноманигор посух диҳад.

“Парвандаи мазкур хусусияти махфӣ дорад, аз ин лиҳоз ягон намуди иттилоот ман ба шумо гуфта наметавонам”, - посух дод масъули ташхиси тиббӣ додгоҳӣ.

Ӯ афзуд, ки феълан дар боробари таҳқиқоти тиббӣ – судӣ инчунин таҳқиқоти санитарӣ ва дигар намуди ташхисҳо гузаронда шуда истодаанд. Ба иттилои масъули Вазорати тандурустӣ, ба таҳқиқи қазия лабораторияҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҷалб гардидаанд ва бархе аз маводро барои ташхис ба пажуҳишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ фиристодаанд.   

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: маҳбусон заҳролуд шуданд, онҳоро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст

Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, 14 маҳбуси ҳалокшударо касе накӯфтааст, онҳо заҳролуд шудаанд.

“Айни ҳол мо муайян дорем, ки аз кадом намуди заҳр онҳо заҳролуд шуданд. Мувофиқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ онҳо нон "хлеб"-ро истеъмол карданд. Мутаассифона қаблан чандин ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандон дар натиҷаи истифодаи маводи хурока ба қайд гирифта шуда буд. Сабаби заҳролудшавии шаҳрвандон истифодаи нитрати натрий буд. Чунин ҳолатҳо дар шаҳри Кӯлоб ва Хуҷанд ба қайд гирифта шуда буд. Мо ин версияро низ мавриди тафтиш қарор додаем”, - гуфт додситони кулли Тоҷикистон.

Юсуф Раҳмон қайд намуд, ки натиҷаҳои тафтишот дар рӯзҳои наздик ба саҳми мардум ва расонаҳои хабарӣ расонида мешавад.

Идораи зиндонҳои Тоҷикистон инчунин феҳрасти 14 ҳалокшударо дар пайи заҳролудшавӣ аз нон нашр кардааст, ки аз 19 то 52 сол доштаанд.

Лентаи хабарҳо
0