ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки дар ҳоли вобаста ба ҳолат заҳролудшавии 14 маҳбус Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятиро идома дорад.
Ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон, тибқи маълумотҳои пешакӣ ва хулосаи ташхиси тиббӣ марги 14 нафар маҳбус дар натиҷаи заҳролудшавӣ ба миён омадааст.
“Айни ҳол мо муайян дорем, ки аз кадом намуди заҳр онҳо заҳролуд шуданд. Мувофиқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ онҳо нон "хлеб"-ро истеъмол карданд. Мутаасифона қаблан чандин ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандон дар натиҷаи истифодаи маводи хурока ба қайд гирифта шуда буд. Сабаби заҳролудшавии шаҳрвандон истифодаи нетрати натрий буд. Чунин ҳолатҳо дар шаҳри Кӯлоб ва Хуҷанд ба қайд гирифта шуда буд. Мо ин версияро низ мавриди тафтиш қарор додаем”, - гуфт додситони кулли Тоҷикистон.
Коршинос сабаби кушта шудани зиндониҳоро дар "Кирпичний" гуфт
Юсуф Раҳмон қайд намуд, ки натиҷаҳои тафтишот дар рӯзҳои наздик ба саҳми мардум ва расонаҳои хабарӣ расонида мешавад.
Инчунин, додситон афзуд, ки нафарони заҳролудшуда дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат набуданд.
“Масалаи интиқоли онҳо аз вилояти Суғд ба минтақаи Душанбе тибқи нақша ва тибқи дархостҳои мақомотҳои тафтишотӣ сурат гирифт”, - таъкид намуд вай.
Дар ҳамин ҳол, додситони кулл дар суол аз он ки оё сабаби марги маҳбусон лату кӯби онҳо шудааст, қатъиян рад кард.
“Ҳеҷ кас лату кӯб нашудааст. Мо тамоми ҷасадҳоро аз ташхис гузарондем. Дар ҷасадҳо ҳеҷ нишонае аз лату куб дида намешуд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
ДОИШ масъулияти ошӯби дувумро дар зиндони Тоҷикистон ба дӯш гирифт
Вай зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир ду нафари онҳо зинда ҳастанд ва онҳоро аз ташхиси тиббӣ гузаронданд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран ҳангоми интиқоли маҳбусон аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе 14 нафарашон аз истеъмоли нони пупанакзада ба ҳалокат расиданд.
Ахиран Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон қазияро лаҳза ба лаҳза шарҳ дода буд, ки тибқи он заҳролудшавӣ дар мавзеи Майхораи Варзоб дар пайи истеъмоли се нони яке аз маҳбусон рух дода, ним соат пас дилбеҳузурию қайкунӣ оғоз гардидааст ва табибон баъди расидан ба зиндон дар Душанбе даъват шудаанд.
Дар иттилоияи раёсати зиндонҳои Тоҷикистон доштани нон ҳамчун дастовез як чизи муқаррарӣ ва тақсими он бо ҳамроҳон аз ҷониби маҳбус маъмулӣ арзёбӣ шудааст.
Қатли Қиёмиддин Ғозию Шайх Темур бо роҳбарии писари Ҳалимов: эълони номҳо ва ҷузъиёти ошӯб
“Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон – “хлеб”, ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Идораи зиндонҳои Тоҷикистон инчунин феҳрасти 14 ҳалокшударо дар пайи заҳролудшавӣ аз нон нашр кардааст, ки аз 19 то 52 сол доштаанд.