ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, сардорони зиндонҳои Тоҷикистонро таъйин кард
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо фармонҳои Президент муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва ҳориҷӣ таъин гардиданд.
"Дар мувофиқа бо Президент, сардорони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва дар сохтори марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини аввал ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Супориши Эмомалӣ Раҳмон барои санҷиши масъулини зиндонҳо ва барканориҳо
Тағйироти кадрӣ дар ҳолест, ки тайи 7 моҳи охир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯби хунин рух дод, ки даҳҳо кушта барҷой гузоштанд.