ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодиса 23-юми июли соли 2019 тахминан соати 08:30- дақиқа рух додаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Сабзаев Мирзоалии 69-сола, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада, ба ҷуқурии 26 метр чаппа шудааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷа ҳамсари ронанда, Шарифова Саломати 64 – сола , ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ду садамаи маргбор: марги ду дучархарони ноболиғу пирамард
Маврид ба зикр аст, ки авохири ҳафтаи гузашта дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Ишкошими Бадахшон садамаи мудҳиши пурқурбонӣ рух дода буд, ки 4 кушта барҷой гузошт.
ВУД хабар дода буд, ки ронандаи мошин аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарё Панҷ сарозер мешавад, ки дар натиҷа 4 нафар мусофир ҷони худро аз даст медиҳанд.