ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 20-уми июли соли 2019, тахминан соати 12:30-дақиқа рух додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Голопер”, Маликмамадов Нозим Айдармамадович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Ямгии ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ишкошим-Лангар-Тускул, дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар аз уҳдаи идора набаромада, автомашинаро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷа 4 мусофири автомашина - Савлатов Гулмамад, соли таваллудаш 1954, Савлатов Санавбар Гулмамадович, соли таваллудаш 1982, Саидбекова Гулбоғ Музафарбековна, соли таваллудаш 1960 ва Савлатов Абдулмамад Давлатович, соли таваллудаш 1960, сокинони деҳаи Ямгӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи деҳаи Вранг ба ҳалокат расидаанд.
ВУД афзуд, ки мусофири дигар, шаҳрванд Солиев Аловат Давлатович, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ямгӣ, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи деҳаи Вранг бистарӣ мебошад. Ронанда дар ин садама ҷароҳат набардоштааст.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.