ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Новобаста аз он, ки маблағи ангишти таҳвилшуда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 44,4 млн сомонӣ зиёд гардида бошад, вале қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” – 13,1 млн сомонӣ зиёд ва пардохти маблағ дар навбати худ бошад 12 млн сомонӣ кам шудааст.
Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорати саноат таъкид намудааст, ки сари вақт иҷро накардани ШСХК “Барқи Тоҷик” уҳдадориҳои худ, боиси яке аз сабабҳои иҷро нагардидани корҳои қабаткушоӣ ва зеризаминӣ гардидааст.
Аммо бино бар иттилои манбаъ, новобаста аз мушкилотҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”, Департаменти истихроҷи ангишти ширкати “Комбинати металлургии Тоҷик”, КФ “Зиддӣ” ва ширкати “Қудрат-210” чораҳои дахлдор андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 33,2 миллион сомонӣ техникаҳои карерӣ ва таҷҳизот барои тарзи зеризаминӣ харидорӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нозир лозим нест: "Барқи тоҷик" ба сокинон роҳи ҳисоб кардани барқи истифодашударо гуфт
Манбаъ зикр намудааст, ки мушкилиҳои асоси корхонаҳои соҳа пеш аз ҳама сари вақт пардохт накардани маблағҳои ангишти таҳвил додашуда аз ҷониби ширкати “Барқи Тоҷик”, ҳаҷми аз меъёрҳо зиёди сарбориҳои андозӣ аз ҷумла, мушкилии пардохти маблағи “Бонуси обунавӣ” ва саривақт тамдид нагардидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқӣ истифодабарии қаъри замин барои истифодаи конҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайдт намуд, ки корхонаҳои соҳаи саноати ангишт новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ ва техникӣ барои таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо ангишт, махсусан Маркази барқу-гармидиҳӣ тамоми чораҳоро дида истодааст.
Ёдрас мешавем, ки "Барқи тоҷик" яке аз ду корхонаи азими давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ба таъкиди аудитҳои ҷаҳонӣ, ба ҷойи фоида зарар меоранд. Аз ҷумла, ташхиси аудитории "Барқи тоҷик", собит карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.
Тариқи пешпардохт: дастури Раҳмон барои солимгардонии вазъи “Барқи тоҷик”
Масъалаи "Барқи тоҷик" бахусус қарздории он дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиддӣ баррасӣ шуд. Бар асоси дастури ҳукумат, Вазорати молия бояд барои ҳалли масъалаи қарздории ширкати "Барқи тоҷик" ва дигар корхонаҳои азими давлатӣ чораҷӯӣ намояд.