Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба санҷиши ширкати “Барқи тоҷик” меравад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание "Барки Точик". Архивное фото
Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби кишвар эълон намудааст, ки аввали моҳи август ба санҷиши “Барқи тоҷик” шурӯъ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Роҳбарияти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯянд, сар аз якуми августи соли равон санҷиши аудиториро дар ширкати “Барқи тоҷик” оғоз хоҳанд кард ва пас аз якуним моҳ натиҷаҳои санҷишро ироа хоҳанд дошт.

Иттилоъ дод ба хабарнигорон Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" 130 миллион доллар қарз мегирад, то ба "Ориёнбонк"-у "Сангтӯда"-ҳо диҳад

Ба гуфтаи вай, нақшаи ҳама гуна санҷишҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар тасдиқ карда мешаванд ва аз соли 2013 инҷониб дар ширкати мазкур санҷиши аудитӣ гузаронида нашудааст.

Тариқи пешпардохт: дастури Раҳмон барои солимгардонии вазъи “Барқи тоҷик”

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷумлаи қарздорони бузург дар назди Кумитаи андоз ба ҳисоб меравад. Масъулини ширкат сабаби қарзҳояшонро сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби шаҳрвандон мегӯянд.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки барои барқарор намудани ширкати холдингии "Барқи тоҷик" кумак намоянд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 корманди “Барқи тоҷик”

Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" алъон дучори мушкилоти молӣ  буда, қарзи ин ширкат солона ба таври қобили мулоҳиза зиёд мешавад. Агар то 1 январи соли 2018 он 15 миллиард буд, то 1 январи соли равон ба 23 миллиард сомонӣ расидааст.

Лентаи хабарҳо
0