"Барқи тоҷик" 130 миллион доллар қарз мегирад, то ба "Ориёнбонк"-у "Сангтӯда"-ҳо диҳад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои солимгардонии ширкати “Барқи тоҷик” 130 миллион доллар ихтисос диҳад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik.  Дар Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик" аз соли 2019 то 2025 нақшаи наве таҳия гардидааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии ТоҷикТа.

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тариқи пешпардохт: дастури Раҳмон барои солимгардонии вазъи “Барқи тоҷик”

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ҳисоботи хеш ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, ки барои барқарор намудани вазъи молии ин ширкат дасти кам 1,2 миллиард доллар лозим аст.

Қайд мешавад, ки маблағи дархостӣ барои пардохт намудани қарзҳои кредиторӣ назди барқистеҳсолкунандагон - нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 масраф мешавад. Ҳамчунин пардохт намудани қарзҳои тиҷоратӣ ба бонки маҳаллии "Ориёнбонк" низ ба назар гирифта шудаст.

Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Дар назар аст, ки маблағҳои пардохтиро аз ҳисоби захираҳои молии худи ширкати "Барқи тоҷик" ва ҳамчунин созмонҳои байналмиллалии молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд гирд оранд.

Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ ба ширкати "Барқи тоҷик" барои пардохт намудани қарзаш дар назди "Ориёнбонк" ва ду нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, дасти кам 130 миллион доллар қарз ихтисос медиҳад.

Нозир лозим нест: "Барқи тоҷик" ба сокинон роҳи ҳисоб кардани барқи истифодашударо гуфт

Маврид ба зикр аст, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки барои барқарор намудани ширкати холдингии "Барқи тоҷик" кумак намоянд.

Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" алъон дучори мушкилоти молӣ  буда, қарзи ин ширкат солона ба таври қобили мулоҳиза зиёд мешавад. Агар то 1 январи соли 2018 он 15 миллиард буд, то 1 январи соли равон ба 23 миллиард сомонӣ расидааст.

"Барқи тоҷик": аз бори гарони қарзи 23 миллиардӣ то рӯъёи империяи "энергияи сабз"

Лентаи хабарҳо
0