ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Қарор аст, дар шарқи Тоҷикистон дар доираи бозсозии роҳи мошингард аз Қалъаихумб то минтақаи Рӯшон ду нақб сохта шавад, иттилоъ додааст хабаргузории Avesta дар истинод ба вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон бо Чин барои гирифтани маблағҳои грантӣ гуфтушунид дорад. Тавре манбаъ қайд намудааст, агар грант ҷудо карда шавад, маблағҳои мазкур барои бозсозии роҳи мошингард аз Қалъаихумб то минтақаи Рӯшон равона хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки мутахассисони чиеӣ дар рӯзҳои наздик лоиҳаи бозсозии қитъаи роҳро пешниҳод хоҳанд кард. дар амал иҷро намудани лоиҳа баъд ташхиси техникӣ иқтисодии лоиҳа ва имзои санадҳои мазкур оғоз мегардад.
Дар доираи лоиҳа дар Тоҷикистон ду нақби дигар сохта мешавад. Бозсозии роҳи мазкур чаҳор сол идома хоҳад ёфт.
Рӯшноӣ дар охири нақб: бунёди “Истиқлол” ним соли дигар идома мекунад
Ёдрас мешавем, ки дар ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир, бозсозии ду қиитъаи роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб идома дорад. Бозсозии роҳ соли 2023 ба анҷом хоҳад ёфт.