ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, бозсозии қитъаи вайронгардидаи роҳ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз бомаром идома дорад.
Чуноне сардори МДНРА дар ноҳияи Дарвоз Сулаймон Муллоёров иттилоъ медиҳад, то соати 16:00 рӯзи 22 июл аз самти Душанбе 270 метр ва аз самти шаҳри Хоруғ 105 метр роҳе, ки пурра зери об монда буд, барқарор карда шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки ба хотири ҳарчи зудтар бозсозӣ намудани қитъаи осебпазири роҳ ҳамаруза аз ҷониби мутахассисони Вазорати мудофиа то се маротиба корҳои таркишӣ анҷом дода мешаванд.
Ба сурати бо чунин суръат идомаи кор умед аст, ки ба удӣ роҳ ба пуррагӣ барқарор ва қаракати мунтазами нқклиёт тавассути он таъмин карда мешавад.
Рӯзи 16 июл дар паи чаппа шудани заврақи наҷотдиҳандагон дар рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз се кас ҷон бохта ва чаҳор кас захмӣ шуда буданд.
Дар ин ҳодиса корманди ШВКД дар ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев, корманди Вазорати дифоъ Наим Саъдуллоев ва кӯдаки 10-сола Фирӯза Акобирова аз ноҳияи Дарвоз дар рӯди Панҷ ғарқ шуда ва Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов захм бардоштаанд.
Рӯзи 8 ва 9 июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баст.
Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд.
Дар канораи тоҷикистонии рӯди Панҷ рустоҳои Хостав ва Ширговад аз сел осеб диданд.