Алоқаи хатарнок: мамониятҳои қонуни нав дар бораи истифодаи сим-кортҳо

© © SputnikСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қонун дар бораи ба зиндон кашидан ва ҷаримаҳои калон бо ҷурми истифодаи сим-кортҳои мобилӣ бо мақсадҳои характерҳои “террористӣ” дошта, бештар ҷанбаи огоҳӣ ба шаҳрвандонро дорад

ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон барои додани сим-корти худ ба шахси дигар ҷазоҳои сангин пешбинӣ намудаанд.  Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ шарҳ дода буд.

Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Чаро барои сим-корт бояд шиноснома иваз шавад: ҷавоб ба саволҳои шаҳрвандон

Мувофиқи тағйиру иловаҳои қабулнамуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, шаҳрвандро барои истифода намудани симкорташ бо мақсадҳои терроистӣ аз ҷониби шахси дигар метавонанд то муҳлати 3 сол равонаи зиндон кунанд ва ё ба миқдори қариб 9 ҳазор доллар ҷарима банданд.

Дар дигар ҳолатҳо барои додани сим-корти худ ба дигар кас ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудаанд.

9 ҳазор доллар дар шароити Тоҷикистон хело вазнин аст – бисёри шаҳрвандон маоши якмоҳаашон аз 350 доллар кам аст. Бояд мувофиқи маош ҷаримаҳо ҳисоб шаванд.

Қонуни сангин

Ба ақидаи коршиносони русу тоҷик сангинтар кардани қонун дар бораи ҷавобгарӣ нисбати ашхосе, ки сим-кортро бо мақсадҳои криминали истифода мебаранд дар ҳама ҷо ба мушоҳида мерасад, чи дар кишварҳои ИДМ ва чи Аврупо.

Сим-корт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таъмини амният: барои чӣ дар Тоҷикистон сим-кортҳо дубора сабт мешаванд

Аммо дар вазъи Тоҷикистон, ки терроризм ҳамчун таҳдиди №1 ба ҳисоб меравад, ин чораҳои пешбинишуда ҳамчун як ёдрас аз масъулияти истифодаи сим-корт ва мубориза бо терроризм мебошанд.

“Ин ҳоло танҳо таҳдид аст,  то ки шаҳрвандонро аз ёрдам ба ашхосе, ки ба терроризм гумонбар мешаванд, боз доранд. Он чӣ, ки намояндагони хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо сардори Вазорати корҳои дохила ва ё намояндагони дигар ниҳодҳои қудратӣ мегуянд, албата зиёдтар аз ҳушдории шаҳрвандон ва таҳдиди миёнравҳои террористон мебошад”, - мегуяд мудири Бунёди ҷамъиятии “Интернет” Рустам Қосимов.

Ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон чораҳои қатъи бар зиди гуруҳҳои террористӣ дар якҷоягӣ бо СПАД тарҳрезӣ мекунад. Ҳатто бар зидди истифодабарандагони сим-кортҳо бо мақсади террористӣ.

Дуруст аст чораҳое, ки СПАД меандешад бар зиди терроризм ба кулли омма маълум нест, чунки бисёр созишномаҳо дар чаҳорчубаи ин созмон ба таври махфи қабул карда мешаванд.

Ҳукми зиндон ва ё ҷарима барои сим-корт чигуна амалӣ карда мешавад

Пресса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба роҳбарони Хадамоти алоқа ва Вазорати энергетика чӣ суол доред? 15 июл посух медиҳанд

Мутахасис оид ба масоили амнияти байналмилалӣ  Виктория Легранова бар он аст, ки дар кишвар дар ҳоли мавҷудияти зиёди тавакалкорӣ, назорати сахт аз болои истифодабарандагони сим-кортҳои ба номи дигар ашхос ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби ҳукумат ин як кори интизоршаванда аст.

Вай барои мисол таҷрибаи Амрикоро оид ба муқовимат бар зидди маводи мухаддирро пеш меорад. Агар маълум кунанд, ки ҷиноят бо ёрии сим-корт содир шудааст ва соҳиби он аз гум кардани сим-корташ хабар надодааст мақомотҳои давлатии Амрико ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ, камаш барои пурсиш мебрад.

“Вақте, ки инсон сим-кортро мисли дастпушак иваз мекунад ин он қадар дуруст нест. Аммо ман ҳеҷ боварам намеояд, ки ҳатто дар Тоҷикистон ҳам ҳангоми рӯй додани амали террористӣ ниҳодҳои тафтишотӣ шахсеро, ки сим-корташро кай вақте гум кардааст ба зиндон кашанд”, - қайд кард Легранова.

Аммо масоили қонунгузории мазкур барои Тоҷикистон бисёр ҷиддӣ мебошад.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То 4,8 сомонӣ барои 1 дақиқа: нашри нархномаҳои нави алоқа ва интернет бо имзои Қодирзода

Масалан, агар соҳиби сим-корт бародар дошта бошад ва он пинҳони телефони бародарашро бо гуруҳҳои террористӣ алоқа намояд, мақомдорони қудратӣ кӯшиши дақиқ кардани ин амалро менамоянд, то гунаҳкори ҳақиқиро пайдо кунанд. Ва ё ҳам соҳиби сим-корт ва ҳам шахсе, ки бо мақсадҳои махсус сим-кортро истифода кардааст равона зиндон мекунанд?

Барои ҳамин қонунгузорон вазифадоранд ҳама ҷанбаҳои масаларо пурра омухта нозукиҳоро ба назар гирифта қонунро пешниҳод кунанд.

“Саҳначаи дуздии сим-корт ва ё телефон аз ҷониби ҷинояткорон пурра имкони ба ҳақиқат табдил ёфтанро дорад. Аммо ин барои ба танзим даровардани соҳаи алоқа имкони хуб аст. Муҳим он, ки дар асоси ин қонун аз доираи  ақли солим берун набароянд. Масалан дар Русия иҷрои баъзе бандҳои қонуни машҳури “закон Яровой” тамоман мушкил аст”, - Легранов аз таҷрибаҳои Русия мисол меорад.

Чанде пеш хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки додани симкорте, ки ба номи як шахс сабт шудааст, барои истифода ба шахси дигар қатъиян манъ мебошад.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изи ангушт мегирем: Хадамоти алоқа сабаби сабтиноми дубораи сим-кортҳоро гуфт

Чихеле, ки Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, агар симкортфурӯш баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба симкортфурӯшии ғайриқонунӣ даст занад, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд ва нисбаташ ҳукми зиндон, ё ҷарима аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мегардад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо феълан дар кишвар ба 55 сомонӣ баробар буда, ҷарима барои симкортфурӯшии ғайриқонунӣ аз 33 ҳазор то 44 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Муовини раиси Хадамоти алоқа инчунин таъкид кард, ки додани симкорте, ки ба номи худат сабт шудааст, ба нафари дигар мамнуъ мебошад.

Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа: нархи симкорт дар Тоҷикистон то ду моҳи оянда тағйир намекунад

Масалан, агар симкорт барои истифода ба шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта истифода шавад, соҳиби симкорт аз 2 то 3 соли зиндон ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад. 

Ҳаҷми ҷаримаи соҳиби симкорт дар ин ҳолатҳо аз 44 то 82,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Масъулин таъкид намуданд, ки тағйироти дахлдор аллакай ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ ворид гардидаанду дар нашрияи расмӣ низ чоп шудаанд ва феълан мавриди амал қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0