То 4,8 сомонӣ барои 1 дақиқа: нашри нархномаҳои нави алоқа ва интернет бо имзои Қодирзода

© Pixabay / fancycrave1Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз тағйири нархи хадамоташон бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ширкати Tcell нархномаи нав бо муҳр ва имзои Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро пешниҳоди мизоҷон кард.

Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони Хатлонро аз оқибатҳои "Like"-монӣ дар фейсбуку инстаграм огоҳ карданд

Бар асоси нархномаи ҷадид, арзиши 1 мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам, 1 гигабайт – 62 сомонӣ ва 10 гигабайт 620 сомониро ташкил медиҳад. 

Ширкати Мегафон низ дар паём ба муштариёнаш арзиши 1 гигабайтро 62 сомонӣ эълон кардааст. Мегафон Тоҷикистон дар сомонааш иттилоъ додааст, ки бо дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳо боло бардошта мешаванд.

Инчунин бар асоси нархномаи нашркардаи Tcell як дақиқаи тамос бо кишварҳои хориҷӣ аз 1,25 то 4,8 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла як дақиқаи зангҳои содиротии байналмилалӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб – 2,7 сомонӣ, Арабистони Саудӣ – 2 сомонӣ, Арманистон, Афғонистон, Украина – 3,5 сомонӣ, Эрон, Қирғизистон – 3 сомонӣ, Белорус, Литва – 4,8 сомонӣ, Русия, Узбакистон, Покистон – 1,25 сомонро ташкил медиҳад.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон ба далели коҳиши даромади буҷа аз бахши алоқа ва интернет дастур доданд, ки нархи он боло бурда шавад. Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва созмонҳо аз ин иқдом интиқод карда, онро зарба ба буҷаи мардум унвон намуданд.

Лентаи хабарҳо
0