Таъмини амният: барои чӣ дар Тоҷикистон сим-кортҳо дубора сабт мешаванд

© Sputnik Сим-корт. Акс аз бойгонӣ
Сим-корт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамаи муштариён бояд то моҳи апрели соли 2017 аз нав сим-кортҳои худро аз қайд гузаронанд. Дар сурати баръакс телефони мобилӣ хомӯш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Шурӯъ аз 1-ноябри соли равон ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мувофиқи қарори ҳукумат сим-кортҳои муштариёнро аз сари нав ба қайд мегиранд.

Sputnik Тоҷикистон сабаби қайди дубораи сим-кортҳоро аз мутахассисон пурсон шуд.

Чуноне дар Ассотсиатсияи операторони алоқаи Тоҷикистон изҳор доштанд, ҳамаи операторон ҳанӯз дар охири моҳи апрели соли 2016 аз ҷониби хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дастур гирифта буданд.

Телефон.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Лаббай, ё нархи 1 дақиқаи тамос бо Русия чанд пул мешавад

"Қарор ҳанӯз моҳи апрел бароварда шуд, то ин дам мо ин амалиётро муҳокима кардем, зеро бояд зиёда аз 5 миллион рақам аз сари нав ба қайд гирифта шавад. Вақт хеле танг буд. Мо барномаро тартиб додем ва акнун аз 1-ноябр онро роҳандозӣ намудем",-шарҳ  дод мусоҳиб ва илова кард, ки барои муштариёни нав ин амалиёт аз моҳи апрели мсоли 2016 фаъол буд.

Дар ҳоли ҳозир амалиёт таҳти назорати комиссия гузаронида мешавад.

"Имрӯз (манзур рузи 1-ноябр-шарҳ аз идора) мардум буд, вале наонқадар зиёд. Албатта мо кӯшиш мекунем, ки муштариёни мо дар навбат наистанд ва сим-кортҳои онҳо  зудтар ба қайд гирифта шаванд",-гуфт PR-менеҷери ширкати "Билайн Тоҷикистон" Мария Веторази.

Ба қавли ӯ ҳамаи муштариён аллакай аз амалиёти бақайдгирии сим-кортҳо хабар доранд, вале ширкати мо боз ба хотири огоҳии комили муштариён тадбирҳои иловагӣ ба роҳ монда истодааст.

Амалиёт чӣ гуна сурат мегирад

"Азнавбақайдгирии сим-корт кори содда аст: мушртариён бояд бо ҳуҷҷати муаррифгари шахсият ба ширкати операторӣ ҳозир шаванд. Агар шахс соҳиби якчанд сим-корт бошад, барои ҳар яки он бояд набати алоҳида истад",-нақл кард Веторази.

Намояндаи "Билайн Тоҷикистон" дар баробари ин қайд кард, ки ба қайдгирии муштариён пурра ройгон буда, ҳатмист.

"Муштариён набояд ба таҳлука афтанд. Шартномаи нафароне, ки солҳои зиёд сим-кортро истифода мебаранд, ҳангоми ба қайдгирӣ, дар асоси тасдиқи шиноснома, тамдид карда мешавад",-хабар доданд аз Ассосиатсияи операторони Тоҷикистон.

Саҳифаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интернети гарон ё чаро Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум аст

Вале нисбати муштариёне, ки  соҳиби якчанд сим-корт ҳастанд, каме мушкилӣ пеш меояд, вале мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон як нафар метавонад соҳиби  чанд сим-корт бошад.  Дар ин раванд мушкилии бештар барои операторон пеш меояд, то ҳамаи муштариёнро сари вақт ба қайд гирифта ва маълумотро ба ҳолати дуруст биёранд.

Мӯҳлат

Ба қайдгирии муштариён аз 1-ноябри соли равон шурӯъ шуда, то санаи 30-юми апрели соли 2017 идома хоҳад кард.

"Мо мехоҳем, то баҳори соли оянда амалиётро ба анҷом расонем. Мо намехоҳем, вале маҷбурем алоқаи муштариёнеро, ки то ин муддат аз қайд нагузаштаанд, хомӯш кунем",-шарҳ дод Веторази.

Бақайдгирӣ, барои чӣ?

"Аввал ин ки бақайдгирии дубора барои таъмини амният гузаронида мешавад. Ҳолатҳое мешаванд, ки аз сим-кортҳои муштариён, ҷоссусон ва қаллобон истифода мебаранд",-изҳор дошт PR-менеҷер ва иловва кард, ки масалан сим-корти дар кӯча ёфтшуда метавонад бо мақсади кори ҷиноӣ истифода шавад.

Дар баробари ин бақайдгирӣ ба муштариён имкон медиҳад, то тафсилоти пурраро дар бораи зангҳои худ ба даст оварда, онро идора кунанд.

"Дар умум барои амният ин амалиёт бисёр зарур аст. Ба таври содда метавон дар сурати гум кардани сим-корт онро  ба зудӣ ёфт,-қайд кард ӯ.

Ҷониби мусбии дигари ин амалиёт дар он аст, ки операторон наметавонанд, бардурӯғ дар номи як нафар сим-кортҳои гуногунро ба қайд гиранд.

Мария илова кард, ки бақайдгирии дубора ҳамчунин имкон медиҳад, ки ширкатҳои операторон бо муштариёни худ вохӯранд.

Чуноне, дар Асосиатсияи операторони Тоҷикиистон қайд карданд, қарор дар бораи аз нав ба қайдгирии сим-кортҳо ба хотири таъмини бехатарии иттилоотии кишвар  дар вазъияти таҳдидҳои террористӣ қабул гардида аст.

"Ҳам мо ва ҳам аҳолии кишвар ин мушкилотро дарк мекунем. Ин ҷо фақат як сухан аст, "бояд". Мардум хашмгин нестанд. Аз ҷониби ҷамъият ин масъала хуб қабул шуд ва албатта ҳамаааш ба хубӣ анҷом хоҳад ёфт",-хулоса кард намояндаи Ассосиатсияи оперторони ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0