Шарҳи КҲФ дар бораи фаромадани сел дар Сангвор

© КЧС ТаджикистанаСход селей в Таджикистане
Сход селей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Сангвор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бар асари боришоти шадиди борон дирӯз дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд, сел фаромадаст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ.

Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонии севуми сел дар Панҷ: ба ноҳия боз офати табиӣ омад
Бар хабари манбаъ, бар асари фаромадани сел, пул ва роҳи мошингард дар километри 57 хароб гардид.

Ҳамчунин сел қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро низ пахш намудаст. Зарари бештар аз ин офати табиӣ ба заминҳои кишти ҷамоат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ки бар асари фаромадани сел дар ин навоҳӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст.

"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт

Гуфта мешавад, алъон гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо сарварии муовини аввали раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён дар минтақаи офатзадаи Сангвор қарор дорад.

Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Ба ин гурӯҳ ҳамчунин муовини Вазири нақлиёти кишвар низ шомил шудааст. Зимнан ба ноҳияи офатзада, барои бартараф намудани оқибатҳои сели азим, нерӯҳо ва воситаҳои зарурӣ равона карда шудааст. 

Сарвари КҲФ дастур дод, ки якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор ба тартиби фаврӣ корҳои наҷот ва бартарафсозӣ поён дода шаванд.

Дар айни замон корҳои барқарорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офат идома дорад. Барои муайян кардани зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0