Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Обуна шудан
Сел даҳҳо хонаҳои сокинони шаҳри Конибодомро вайрон карда, чорвои онҳоро бо худ бурдааст

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Борони сел дар шаби 2 ба 3-юми июн даҳҳо манзили сокинон дар ҷамоатҳои ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон дар шаҳри Конибодомро вайрон кардаву чорвои онҳоро бо худ бурдааст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз деҳаи Амондара боздид намуд - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондара, ки аз сел зарар диданд, чӣ ваъда дод?

Бино ба гуфти манобеъ борони сел танҳо аз як худи ҷамоати Ғафуровҷон Ортиқов беш аз 40 хонаро хароб карда ва ҳудуди 50 сар чорвои сокинонро бо худ бурдааст.

Дар кӯчаи ба номи Бобокалонови тобеъи шаҳр низ беш аз 20 хонаву дари сокинон хароб шудааст.

Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Отриқов ва Пӯлотон аз калонтарин ҷамоатҳои шаҳри Конибодом ба ҳисоб рафта, аз ду як роҳи миёни Конибодом ва Исфара аз марзи ин ҷамоатҳо мегузарад. Феълан купруки болои сой дар ин минтақаро сел вайрон кардааст.

Манобеъи Sputnik Tоҷикистон дар шаҳри Конибодом мегуянд, борони сел ба дараҷае шиддатнок буд, ки дар паи он хонаву дар, чорво ва воситаҳои нақлиёти сокинон зарар дидааст.

“Борони сел дар соатҳои 22- шаби 2-ум замоне сар кардааст, ки сокинон ҳама дар хонаҳои худ, буданд. Дар натиҷаи зиёд шудани боришот, сел омада, хонаҳои мардумро вайрон карда, чорвоҳоро бо худ бурда ва воситаҳои нақлиёти сокинонро корношоям кардааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ аз ин ҳодиса ҳоло чизе гуфта намешавад”, - гуфт, як нафари огоҳ аз ҷараёни офати табиӣ дар Конибодом.

Близ Душанбе сель смывает улицы и топит дома - Sputnik Тоҷикистон
Аз ВМКБ то Суғд: харобиҳои борону сел дар Тоҷикистон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Суғд, гуфтанд, ки ҳоло дар паи ин ҳодиса дар шаҳри Конибодом як комисияи вижа бо иштироки масъулини ҳукумат таъсис дода шуда, дар ҷои ҳодиса хисороти расидаро месанҷанд.

Як манбаъ гуфт, ки раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ҳам сӯбҳи рӯзи Душанбеи 3-юми июн ба ҷамоатҳои Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотони шаҳр рафта, барои сари вақт бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба зарардидагон дастур додааст.

Лентаи хабарҳо
0