Қурбонии севуми сел дар Панҷ: ба ноҳия боз офати табиӣ омад

© Саҳифаи Навиди Cуғд дар ФейсбукОқибатҳои сели азим дар Панҷакент
Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Панҷ сел як марди тақрибан 60-соларо бурдааст. Сел дар ду деҳаи ноҳия соатҳои 14:30 сар зада, то ҳол идома доштааст

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷ сел як марди тақрибан 58-60-соларо бурд, хабар медиҳад "Фараж".

Бино бар иттилои манбаъ, сел дар ду деҳаи наздикӯҳии  ноҳия соатҳои 14:30 оғоз шуда, то ҳол идома доштааст.

"Деҳаҳои номбурда зери лойобаанд. Намояндаҳои ҳукумати ноҳия дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Сокинон ба ҷойҳои амн интиқол дода мешаванд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

В Пенджикенте двух людей унесло селевым потоком - Sputnik Тоҷикистон
"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт

Шаби 17-уми майи соли 2018 низ дар деҳоти наздикуҳии чор ҷамоат: Озодагон, Кабут Сайфиддинов, Нури Ваҳдат ва Намуна сел омад. Бар асари ин офати табиӣ 1270 хонаи истиқоматӣ ва беш аз 500 га замини хоҷагии фермерӣ, ки асосан кишти пахта гузаронида шуда буданд, пурра ва қисман аз байн рафтанд.

Он замон ду тифл, яке шашмоҳа ва дигаре духтараки 3,5-сола ба ҳалокат расиданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, Таҳминаи 3,5-сола, сокини деҳаи Отчапари ҷамоати Озодагонро селоба аз оғӯши модар, замони фирор аз хона, рабуд. Ҳамдеҳагон ҷасадашро субҳи рӯзи дигар аз дохили ҷӯйбори пур аз лой ёфтанд. Тифли шашмоҳа бошад, дар ҷамоати ба номи Кабут Сайфиддинов, дар оғӯши модар, ҳангоми осемасар савор шудани мардуми зиёд ба мошини боркаш, нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ин дар ҳолест, ки пештар дар шаҳри Панҷакент бар сари сел ду кас ҳалок шуданд. Ҷасади яке аз қурбониён пайдо шуда, ҷанозаи ҷавони дувумро ҷустуҷӯ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0