ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмии раёсати НБО “Роғун”, ба ҳайати Шӯрои нозирон аз ҷумла Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидзода, муовини якуми сарвазир ва Азим Иброҳим, ноиби нахуствазир шомил гардиданд.
Инчунин ба узвияти Шӯрои нозирони “Роғун” Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк”, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, мудири кулли ҶДММ “Ширкати Сомонӣ-А” ва Неъматов Муқим Маҳмадҷонович, мудири кулли ҶСП “Хуҷанд инвест коттон” интихоб шудаанд.
Дар феҳрасти аъзои дигари Шӯро – Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Рустам Шоҳмурод, вазири адлия, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои об, Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “НБО Роғун” номбар шуданд.
Қоҳир Расулзода, дигарбора раиси Шӯрои нозирони НБО Роғун интихоб гардидааст.
Инчунин дар маҷлиси умумӣ сармояи оинномавии нерӯгоҳ 27 миллиарду 760 миллион сомонӣ тасдиқ карда шуд.
Бар асоси қарор, сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” бо роҳи барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла ба андозаи 3 миллиарду 560 миллион сомонӣ саҳмияҳои оддӣ бароварда мешаванд, ки арзиши номиналии ҳар як саҳмия баробар ба 100 сомонӣ хоҳад буд.
Манбаъ теъдоди саҳмияҳои иловагиеро, ки бароварда мешаванд, 35,6 миллион гуфтааст, ки 1 саҳмия муодили 100 сомонӣ арзиш дошта, маблағи умумии саҳмияҳои ҷадид 3,560 миллиард сомониро ташкил медиҳад.