Миллиард: раиси “Роғун” ҳаҷми қарздорӣ ва сабаби таъхири фаъолсозии чархаи 2-ро гуфт

© Пресс-служба президента Таджикистана На стройплощадке Рогунской ГЭС
На стройплощадке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хайрулло Сафарзода, мудири кулли НБО “Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди ширкатҳои дохилию хориҷӣ беш аз як миллиард сомонӣ гуфта, сабаби таъхиркориҳоро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сафарзода, ки ба ҷаласаи ахири парлумон даъват шуда буд, гуфт қарздории НБО “Роғун” дар назди ширкатҳои дохилию хориҷӣ барои корҳои анҷомдода андаке зиёдтар аз як миллиард сомониро ташкил менамояд.

Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: роҳро ба сифати баланд созед, то ки он солҳои зиёд ба аҳолӣ хизмат кунад

“Сарфи назар аз он ки масъалаҳои молиявӣ ва як қатор масъалаҳои муҳими дигари вобаста ба сохтмон ҳалли таъхирнопазирро тақозо менамояд, бунёди неругоҳ, тибқи нақша, ҷараён дошта, ақибмонии зиёд дар анҷоми корҳо ба мушоҳида намерасад”, - изҳор дошт раиси “Роғун”.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки қарзҳо низ дар муҳлати наздик пардохт гардида, ба нақшаи тасдиқшудаи сохтмон халали ҷиддӣ ворид нахоҳанд кард.

Сафарзода гуфт, андаке қафомонӣ дар масъалаи бардоштани сарбанди неругоҳ ба мушоҳида расида, ҳоло масъалаҳои вобаста ба он ҳал шуда истодаанд.

На стройплощадке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Чархаи дуюми НБО Роғун ба таври озмоишӣ ба кор андохта шуд

“Шумо воқиф ҳастед, ки агрегати якуми неругоҳ дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супорида шуд ва ҳоло омодагӣ барои ба истифода супоридани агрегати дуюм ҷараён дорад. Мавриди истифода қарор ёфтани он моҳи сентябр ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Агрегати дуюм омодаи кор буда, мушкилии фаннӣ ё молиявӣ дар ин самт мавҷуд нест. Андаке қафомонӣ дар масъалаи бардоштани сарбанди неругоҳ ба мушоҳида расида, ҳоло масъалаҳои вобаста ба он ҳал шуда истодаанд. Бовар дорам, ки супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайяншуда ба иҷро мерасад”, - овардааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли мудири кулли “Роғун”.

Дар охири гузориши худ Хайрулло Сафарзода ба вакилон изҳор дошт, ки “кор бе камбудӣ намешавад, вале он дар самтҳои муайяншуда қаноатбахш ҷараён дорад”.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи тағйирот: таъини сармуҳандиси нав дар “Роғун” ва эълони сабаби барканориҳо

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки моҳҳои октябр – ноябри соли ҷорӣ масъалаи ҷараёни бунёди НБО-и “Роғун” бо даъвати Сафарзода дар Маҷлиси намояндагон дигарбора мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Хайрулло Сафарзода, аз 5 январи cоли 2012 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон мудири кулли Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” таъин гардида буд.

НБО “Роғун” бузургтарин иншоот дар Тоҷикистон буда, чархаи аввали он моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуда, дар назар буд, чархаи дуюм моҳи апрел ба кор шуруъ кунад, аммо то сентябри соли равон ба таъхир андохта шуд.

Лентаи хабарҳо
0