Ҳалокати мусофир ҳангоми чаппа шудани мошин дар роҳи Кӯлоб

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 10-уми июли соли равон дар ҳудуди деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб бар асари чаппа шудани мошини "Opel-Astra" як нафар мусофир ба ҳалокат расида, ронанда ва чанд мусофири дигар маҷрӯҳ шуданд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бинои ба иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рузи 10- уми июл дар ҳудуди деҳаи Зарбдор бар асари чаппа шудани мошин як нафар ҳалок ва чанд тани дигар сахт ҷароҳат бардоштанд.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: фарзанди 7-солаи ронанда ба ҳалокат расид

Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 11:20 дақиқа ронандаи мошини тамғаи "Opel-Astra", шаҳрванд Шамсов Амирҷони 35-сола сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти Кӯлоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 8-метр чаппа шудааст. 

Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Куганов Бароти 59- сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Садамаи маргбор: ҳалокати пиёдагар дар зери чархи мошин

Худи ронанда ва дигар мусофиронаш: Нуралиева Марвориди 45-сола, сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор ва Каримова Оймомаи 56- сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Садамаи маргбор: мошин ба дарёи “Кофарниҳон” чаппа шуду, ду нафар ба ҳалокат расид

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба тамоми  ронандагон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо на танҳо бехатарии худ, балки бехатарии мусофиронро низ дар роҳро таъмин намоянд.

Дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқи кормандони ВУД Тоҷикистон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0