ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, фарзанди 7-солаи ронанда, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба бетони болои пул бархӯрдааст ба ҳалокат расидааст.
Садамаи маргбор: мошин ба дарёи “Кофарниҳон” чаппа шуду, ду нафар ба ҳалокат расид
Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳодисаи мазкур 7 июни соли равон тахминан соати 20:30-дақиқа, деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аъзамов Саидаъзам Атовуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба бетони болои пул бархӯрдааст”, -зикр намудааст манбаъ.
Садамаи маргбор: ҳалокати пиёдагар дар зери чархи мошин
ВУД таъкид доштааст, ки дар натиҷаи садама фарзанди хурдсоли ронанда Атомуллои Саидаъзам, соли таваллудаш 2012, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.