ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, нахуст Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетикаи кишвар дар бораи иҷрои қарори Ҳукумат аз моҳи майи соли 2014 дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии “Барқи Тоҷик” ҳисобот дод.
Ба гуфтаи вазир соли 2018 дар Тоҷикистон 19,7 млрд кВт соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст. Ӯ афзудааст, ки соли 2018 беш аз 2 миллиарду 79 миллион сомонӣ ҳаққи барқ ҷамъоварӣ гардид, ки нисбати нишондоди соли 2014 ҳудуди 2 баробар зиёд мебошад.
“Дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани талафоти неруи барқ дар давраи солҳои 2014-2018 сатҳи талафоти неруи барқ аз 17,3 фоиз дар соли 2014 то ба 15,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёфта, дар ин давра ҳаҷми фоиданоки неруи барқ дар бозори дохилӣ зиёд гардид ва ҷамъоварии маблағ аз 1 млрд 40 млн сомонии соли 2014, дар соли 2018 2 маротиба зиёд ва ба 2 млрд 79 млн сомонӣ баробар шуд”, - омадааст дар ҳисобот.
Эмомалӣ Раҳмон барои солимгардонии вазъи “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, боз ҳам беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда амалӣ гардад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла супориш додааст, ки кори “Барқи тоҷик” пурра тариқи низоми биллингӣ амалӣ гардад.
Ин низом тариқи пешпардохти ҳаққи барқ бо кортҳои электронӣ фаъолият карда, ниёз ба нозирони зиёди барқро бартараф месозаду ба гуфтаи коршиносон тариқи кам кардани омили инсонӣ фасодкориро низ коҳиш медиҳад.
“Коҳиш додани сатҳи талафоти неруи барқ, ба пуррагӣ гузаштан ба низоми муосири биллингии ҳисоби барқ ва баҳисобгирии неруи барқи таҳвилшаванда аз зеристгоҳҳои барқӣ то муштарии охирин таҳти назорат қарор дода шавад”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур вазири энергетика ва раиси “Барқи тоҷик”-ро муваззаф кардааст, ки барои муайян намудани андозаи воқеии талафоти неруи барқ, кам намудани он, бо истифода аз низоми биллингӣ барои зиёд намудани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.