ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи қарори Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк” аз 12 июни соли равон “Соҳибкорбанк” ба “Тавҳидбонк”, табдил дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонк дар саҳифаи расмиаш дар Facebook.
Бино бар иттилои манбаъ санаи 26 июни соли равон ба Феҳристи ягонаи қайдгирии давлатии Бонк дар Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе тағйирот ворид карда, санаи 01 июли соли 2019 Шаҳодатномаи дар бораи бақайдгирии ҶСК “Тавҳидбонк” ба расмият дароварда шуд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки ҶСК “Тавҳидбонк” вориси ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҶСК “Соҳибкорбонк” ҳисобида мешавад.
Инчунин суроғаи макомоти идоракунии бонки марказии “Тавҳидбонк” ва реквизитҳои Бонк бе тағйир мононда шуд.
Бонк хотиррасон шудааст, ки бо мақсади аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ табдил додани ҶСК “Соҳибкорбонк” санаи 14 марти соли 2017 Ёддошти тафоҳум миёни Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК “Соҳибкорбонк” ба имзо расида буд.
Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед
Санади мазкур аз ҷониби Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмдорони бонк ҷонибдорӣ карда шуда дар ин асно, байни Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК “Соҳибкорбонк” барои табдили бомуваффақияти бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ Созишнома “Оиди пешниҳоди хизматрасонии мушовирӣ” ба мӯҳлати 1 сол аз санаи 26 феврали соли 2018 то 26 феврали соли 2019 ба имзо расид.
“Лоиҳаи табдилдиҳии бонк аз 9 ҷузъ (компонент) иборат буда, барои татбиқи он бо мувофиқа бо Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Нақшаи корӣ таҳия гардида мутаносибан 9 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд”, - зикр намудааст манбаъ.
Раванди табдилдиҳии Бонк дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта дархости расмӣ барои гирифтани иҷозатномаи бонкдории исломӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол шудааст. Оғози амалиётҳои бонкдории исломӣ баъди гирифтани иҷозатномаи БМТ ва анҷоми васли низоми автоматикунонидаи бонкдории исломӣ дар назар аст.