Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон имсол оғоз ба кор мекунад

© SputnikНациональный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон бо ёрӣ ва ҳамкории Ширкати исломии байналмилалии таъмини молии тиҷорӣ (ITFC) нахустин бонки исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон имсол оғоз ба кор хоҳад кард, иттилоъ додааст равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон.

"Дар назар аст, ки соли равон нахустин бонки исломӣ дар кишвар ба фаъолият шуруъ намояд. Роҳу равишҳои густриши амалиёти бонкии Ширкати исломии байналмилалии таъмини молии тиҷорӣ (ITFC) дар бозори молии Тоҷикистон дар дидори муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва мудири Дафтари амалиётии ITFC Нозим Нормалӣ баррасӣ шуданд", — гуфтааст равобити умумии БМТ.

Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Марказии Қатар дар сатҳи нав - Sputnik Тоҷикистон
Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед

Дар ин дидор ҳамчунин таъкид шуда, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои шитобонидани раванди роҳандозии низоми бонкии исломӣ дар кишвар ҳамакнун санаду мадракҳои даркорӣ барои судури муҷаввиз барои фаъолияти созмонҳои вомдиҳандаи исломиро таҳия мекунад.

Нозим Нормалӣ дар ин дидор гуфта, ки ҳадафи асосии Ширкати исломии байналмилалии таъмини молии тиҷорӣ (ITFC) "пуштибонӣ аз равобити тиҷорӣ миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ирояи хадамоти таъмини молии тиҷорат ва таҷҳизоти зарурӣ барои рушди тиҷорат дар бозори ҷаҳонӣ аст.

Мудири Дафтари амалиётҳои ITFC афзуда, ки ITFC бар пояи пешбиниҳо, ба масоили рушди бахши хусусӣ, бавижа соҳибкории хурду миёна ва ҳамкорӣ бо бонкҳои маҳаллӣ бештар таваҷҷуҳ дорад. Аз ин рӯ, ин ширкат хосторни ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои вомдиҳандаи Тоҷикистон аст.

Сироҷиддин Икромӣ ҳам дар ин дидор аз тавонмандиҳои Тоҷикистон барои тавлиди колоҳои содиротӣ, аз ҷумла, нерӯи барқи обӣ, маҳсулоти сохтмониву кишоварзӣ ва филиззҳои ранга ёд карда ва гуфта, ки Ширкати исломии байналмилалии таъмини молии тиҷорӣ метавонад дар заминаи содироти ин колоҳо хадамоти молӣ пешниҳод кунад.

Лентаи хабарҳо
0